Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
гиря кард. Абӯтолиб писаракони ӯҳаросон ва чизе пай набурдаашро сахт ба сина мефӯшурд, мебӯсид ва чизе мегуфт. Паровоз омодаи роҳ буд. Ҳамаи ин ҷунбуҷӯл дар партави фонуси дастӣ сурат мегирифт. Ва боз чирроси тезу гӯшқарош ва дилфигори хуштак баланд шуду чун синони барк сар то пӯёни қатор башаст парида рафт.
— Шуд, шуд, бас, савор шав! — гӯён он ду нафар Абӯтолибро ба сӯи зинаи вагон кашиданд.
Едигей ва Абӯтолиб фурсате дарёфта, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд ва лаҳзае дар ҳамин ҳол истоданд. Рухсораҳои тар ва риши расидаашонро ба ҳам чафс карда ментоданду маъною моҳияти рӯйдодро, бо ақлу фаросот, бо замири дил ва ҳамаи ҳастии худ дарк мекарданд.
— Ба онҳо аз баҳр бисёртар ҳикоят кун! — оҳиста гуфт Абӯтолиб.
Охирин сухани вай ҳамин буд. Едигей фаҳмид. Падар илтимос мекард, ки ба писараконаш аз Баҳри Арал ривоят кунад.
— Хайр, бас акнун, шуд, шуд, тезтар савор шав! — гӯён онҳоро аз ҳам ҷудо карданд.
Он ду нафар Абӯтолибро аз пас бо китфҳояшон тела дода, ба вагон савор карданд. Ва бачаҳо аз моҳияти талхи ҷудоӣ фақат акнун пай бурда, ҳар ду баробар гиристанду фарёд кашиданд:
— Отаяк! Дадаҷон! Отаякам! Дада, дадаҷон!
Ва Едигей, ки Эрмек дар бағалаш буд, ногоҳ худро ба сӯи вагон андохт.
— Ба куҷо? Ту ба куҷо рафтани? Э ҳушата ба ҷояш биёр! — зани фонусдор Едигейро бо хашм аз сина тела дода дур мекард ва бо китфи фарохи худ дами дарро мегирифт.
Касе дар он лаҳза намедонист, ки Едигей ҳозир буд агар илочаш бошад, ба ҷои Абӯтолиб савор шавад, то дар роҳ лочинчашмро бо дастони худ ҳафа карда бикушод. Фарёди бачаҳоро шунида, косаи сабраш дигар лабрез гашта буд.
— Дар ин ҷо наистед! Биравед аз ин ҷо, биравед! — дод мегуфт зани фонусдор. Ва роғае бухор аз даҳони ӯ баромада, ба рӯи Едигей расид ва бӯи махлути тамоку ва пиёсро ба димогаш овард.
Зарифа гиреҳаки дар дасташ бударо акнун ба ёд овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё