Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
унзайлин кун, яксаду ҳабдаҳум наздик меояд, ба роҳи дуввуми эҳтиётӣ гузарон...
Овози Шоймардон қатъ гардид, садои шириккӣ кардани аппарати гуфтугӯ шунида шуд. Едигей ба ҷои роҳкушоӣ равон шуд. Ӯ бо кори худ машғул буду дар дилаш фикр мекард, ки оё Одилбой розӣ мешуда бошад, оё меомада бошад? Як назар дид, ки тирезаи баъзе хонаҳо равшан шуд, дар дилаш умед пайдо гардид. Одамон, охир, виҷдон доранд. Мана ак-аки сагҳо ба гӯш расид. Пас, занаш бӯрониҳоро аз хоб бедор карда, хабари ҷанозаро мерасонад.
Яксаду ҳабдаҳум омада, дар роҳи эҳтиётӣ қарор гирифт. Аз дигар тараф қатори нафткаш омад. Аз сар то дунболаш фақат махзани нафт. Қаторҳо ба роҳҳои худ рафтанд; яке ба шарқу дигар — ба ғарб...
Соат аз яки шаб гузашта буд. Ситораҳои осмон дурахшонтар мешуданд, ҳар як ситора ҷудогона медурахшид. Моҳ ҳам дар сари дашти Сари Озек равшантар нурафшонӣ мекард, гӯё як навъ қувваи тозаю торафт афзояндаи иловагӣ пайдо карда буд. Дар зери гумбади ситоразор то ба дуродур дашти нопайдоканори Сари Озек доман паҳн карда мехобид. Фақат шабаҳи уштурон — ва дар байни онҳо азамати кӯшкуҳон Каранорӣ Бӯронӣ ва тархи хираи теппаҳои наздиктарин ба назар мерасиду боқимондаи масоҳати дашт аз ҳар ду самти роҳи оҳан ба торикии беинтиҳои шаб рафта мепайваст. Бод ҳам ором намешуд, пайваста хуштак мекашид ва хасу хошоки биёбонро ҳиширросзанон ба ҳар сӯ меронд.
Едигей гоҳ ба кулба медаромад, гоҳе мебаромад, чашмаш ба роҳи Одилбой Дароз чор буд. Нохост назараш ба ҷонвараке афтод. Чашмони сабзгунаш милт-милт метофтанд. Худаш дар зери сутуни телеграф меистоду на як қадам пеш меомад, на ба қафо мерафт.
— Э, ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ! — гуфт Едигей бо ангушташ шӯхиомез таҳдид карда. Рӯбоҳ нарамид. — Ина бинед-а! Ҳоло ман туро! — Едигей пой бар замин кӯфт.
Рӯбоҳ каме дуртар рафту боз нишаста, ба ӯ рӯй гардонид. Вай чашмони маҳзунашро аз ӯ наканда, бо диққат нигоҳ мекард. Ҳа, ё ба андоми ӯ нигоҳ мекард, ё ба чизи дигаре дар наздикии ӯ. Ӯ ба ин ҷо чаро омада бошад? Чароғҳои электр ҷалб карда бошандаш, ё аз гуруснагӣ омада бошад? Дар ин ҷо пайдо шудани рӯбоҳ ба назари Едигей ғалатӣ менамуд. Хайр, модоме худи сайд пеши сайёд омадааст, сангеро бардошта, якта фарорад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё