Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
чӣ? Едигей даст-даст карда, санги калонтареро бардошт. Нишон гирифта, даст кашиду нохост аз ниятмаш баргашт. Сангро ба зери пояш партофт. Баданашро арақ зер кард. Воаҷабо, ба сари одам чӣ хаёлҳое меомадаанд! Худи хобу хаёл барин-а! Рӯбоҳро нишон гирифта, заданӣ буд, ки баногоҳ як ривоят ба ёдаш расид. Ҳоло дар хотир надорад, ки он каси ривоятгуфта кӣ буд: яке аз он зотҳои роҳгузар, ё суратгире ки бо ӯ дар хусуси худову пайғамбарон сӯҳбат карда буд, ё ягон каси дигар. Э не, Собитҷон нақл карда буд, чин занад вая, доимо аз аҷоиботу ғароибот мелаккад, шунаванда бошаду даҳонашро яла карда гӯш андозад, шуд. Ҳа, Собитҷон, писари Қазонқоп нақл карда буд, ки баъди мурдан ҷони одам ба тани дигар ҷонварҳо медаромадааст.
Бинед-а, худашон ба сари худ чӣ хел як аҳмақи лаққиро калон карда ба воя расониданд! Дар назари аввал бӯзбалаи дуппа-дуруст барин менамояд. Ҳама гапа медонад, аз ҳама чиз бохабар, аммо аз донистанҳои вай як пула фоида нест. Ба интернат бурда хононданд, дар институт хононданд, лекин одам нашуд, ки нашуд. Ҳудситой, шаробнӯшӣ, нӯшбодгӯй бошад, ин кас устухон надоранд, аммо аз кор дараке нест, хулласи гап, ки пуч баромад бача, бо падараш қиёс ҳам карда намешавад, ҳарчанд ки диплом дорам, гуфта фуқаш дар осмон. Не, одам нашуд, ба падараш нарафт. Ҳайр, ҳаволаш ба худо, акнун чӣ илоҷ, шудагиаш ҳамин қадар.
Хӯш, ана ҳамин Собитҷон боре нақл карда буд, ки дар Ҳиндустон як ақида будааст, ки мувофиқи он баъди мурдани одам рӯҳаш ба тани ҷонвари дигар мегузаштааст, ҳатто ба тани мӯрча барин ҷонваракони майдаяк. Мегуфтаанд, ки ҳар инсон як вақтҳо, яъне хеле пеш аз омаданаш ба дунё дар шакли парранда ё ягон хел ҷонвар ё ҳашарот зиндагонӣ карда будааст. Бинобар ин дар Ҳиндустон кадом ҷонзоте набошад, куштан убол будааст. Аз пеши роҳ мор барояд, мори айнакдор барояд ҳам, даст намекофтаанд, таъзим ба ҷо меовардаанду роҳ медаданд.
Дар дунёи равшан чӣ бисёр? Аҷоибот. Кӣ медонад, ки ин гап рост бошад ё дурӯғ. Ин дунё дунёи васеъ, одам донистан-катӣ ба такаш расида наметавонад. Ана аз барои ҳамин вақте ки рӯбоҳро бо санг заданӣ шуд, ба сараш хаёле омад, ки рафту рӯҳи Қазонқоп ба тани ҳамин рӯбоҳ даромада бошад? Рафту Қазонқоп ба сурати рӯбоҳ даромада, ба пеши дӯсти беҳтаринаш омада

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё