Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

отряди партизанӣ ҳам рӯзгораш аз он сабуктар набудааст ва ҳамаи ин солҳоро дар кишварҳои бегона бо набард гузаронида, қоматаш нашикастааст, чунки он вақтҳо танҳо, худи ба худ будааст, оила надоштааст. Аммо акнун ӯро аз бачаҳояш — азизтарин мавҷудаташ, гӯштро аз нохун ҷудо кардаӣ барин, ҷудо карда бурданд. Мана, оқибат чӣ шуд...

— Ҳа-а, фикри ман ҳам ҳамин, — гуфт Қазонқоп. — Касе мегуфт, ки одам аз дарди ҷудоӣ ҳам метавонад бимирад, бовар намекардам. Бутун ҷавон-а, боз одами бамаърифат, боакл, агар тоқат мекард, корашро дида баромада, озод мекарданд. Охир ҳеҷ гуноҳ надошт. Аз ин мебарояд, ки ақлаш мегирифту лекин дилаш тоб оварда натавонист...

Онҳо боз муддати дарозе нишаста воқеаро муҳокима менамуданд, маслиҳат мекарданд, ки Зарифаро ба шунидани ин хабар чӣ гуна омода кардан лозим аст. Аммо ҳар чиз нагӯянду ба ҳар хулоса наоянд, боз сӯҳбат гашта-гашта, ба сари ҳамин нуқта меомад, ки оила аз падар маҳрум гардид, бачаҳо ятимча шуданд, Зарифа бева монд ва ин амри воқеъ буд, амри тағйирнопазир. Аммо таклифи оқилонатарин ба ҳар ҳол аз даҳони Укубала баромад:

— Бигузор ба истгоҳ рафта, он қоғазро бо дасти худаш бигирад. Соати гаронаш ҳам дар ҳамон ҷо бигзарад, на дар ин ҷо — дар пеши чашми бачаҳо. Ва дар ҳамон ҷо, дар истгоҳ ба ягон қарор биояд, боз дар бозгашт ҳам фурсати фикру андеша ҳаст, ки оё ба бачаҳо маълум кардан лозим ё ҳоло ҳозир не. Шояд қарор диҳад, ки то калонтар шуданашон сабр кардан даркор, то ки ақаллан андаке ӯро аз ёдашон бароранд. Охир кӣ медонад...

— Гапат маъқул, — сухани занашро қувват дод Едигей. — Вай модар аст, бигузор худаш ҳал кунад, ки аз марги Абӯтолиб ба фарзандонаш хабар додан лозим ё не. Шахсан ман бошам, наметавонистам... — Ва Едигей суханашро давом дода натавонист, забонаш намегашт. Вай касдан сулфа кард, то изтиробашро пинҳон дорад.

Вақте ки маслиҳат пухт, Укубала боз илова намуд.

— Казаке, шумо ба Зарифа бигӯед, ки сардори истгоҳ ба номи вай чӣ хел як мактубе гирифтааст, — маслиҳат дод Укубала.— Яъне ки ба хатҳоят ҷавоб омадааст. Аммо таъин кардаанд, ки шахсан худаш биояд, чунки қоида ҳамин хел будааст. Сонӣ, — суханашро давом

пешина
аз 293
навбатӣ