Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
надоштаанд, ки ҳатто ба воситаи почта бо оилаи Абутолиб робитае дошта бошанд.
Едигей саҳарӣ Қаранори Бӯрониро савор шуду ба роҳ баромад, то ки шомгоҳон ба хона баргардад. Албатта агар ӯ мехост ҳар як мошинисти шинос ӯро, ки ҳеҷ бору бунае надошт, бо хурсандии тамоми ба паровозаш савор мекарду дар якуним соат ба Қумбел мерасонид. Аммо худи Едигей ба хотири писаракони Абутолиб аз савор шудан ба қаторҳои роҳгузар даст мекашид. Ҳар дуи онон, ҳам калонӣ, ҳам хурдиаш, аз роҳи оҳан дур нашуда, ҳар рӯзи худо баргаштани падарашонро нигарон буданд. Дар бозиҳояшон, дар гуфтугӯҳояшон, дар чистонҳо, расмҳо, дар ҳар шуғли кӯдаконаи онҳо мавзӯи интизории падар мавзӯи асосӣ буд. Ва табиист, ки дар ин айём мӯътабартарини шахс дар назари онҳо амаки Едигей буд, ки, ба ақидаи онон, ҳама чизро медонист ва онҳоро дастгирӣ менамуд.
Худи Едигей низ мефаҳмид, ки агар дар дуроҳа вай набошад, бачаҳо бепадар монданашонро бештар ҳис мекунанд, бинобар ин қариб ҳамаи вақти холиашро бо онҳо мегузаронид, кӯшиш мекард, ки бачаҳо ба интизории беҳуда ҳар чӣ камтар машғул бошанд. Васияти Абутолиб дар ёдаш буд, ки барои бачаҳо аз баҳр ҳикоят кун гуфта буд. Едигей тафсилоти нав ба нави айёми кӯдакӣ ва ҷавониаш, ҳар гуна рӯйдодҳои шуда ва нашудаи Баҳри Аралро ба хотир меовард. Ба қадри тавони худ ин ривоятҳоро ба шуури писаракон мувофиқтар карда нақл менамуд ва ҳар дафъа ба зиракию хушзеҳии онҳо қоил мешуд. Ва хурсанд мешуд, ки таълиму тарбияи падарашон осори хуб гузоштааст. Едигей ҳангоми нақлҳо пеш аз ҳама хурдиаш — Эрмекро дар назар дошт. Вале Эрмек аз акааш ҳаргиз монданӣ надошт ва дар байни чаҳор нафар сомеони ӯ — бачаҳои ҳар ду оила — ба дили Едигей аз ҳама наздиктар буд, ҳарчанд ки худи Едигей кӯшиш менамуд, ба ҳама ба як чашм нигоҳ кунад. Эрмек кунҷковтарини сомеон ва беҳтарини таъбиркунандагон ҳисоб меёфт. Аз ҳар бобе сухан наравад, ҳар як воқеа, ҳар як гардиши шавқовари ривоятро бо номи падар вобаста мекард.
Дар хаёли ӯ падараш ҳамеша ва дар ҳама ҷой ҳозиру нозир буд. Фаразан, сӯҳбате ба тарзи зайл давом мекунад:
— Дар соҳилҳои Баҳри Арал кӯлҳое ҳастанд, ки найзорони касногузар доранд. Дар гӯшаҳои ана ҳамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё