Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

рӯй-рӯи амвоҷи пурхами ноҳамвор пеш меронд. Моҳигирони Арал ин гуна мавҷҳоро ийрек толкун — мавҷи качпаҳлӯ меноманд. Ийрек толкунҳо одатан аз тӯфони оянда башорат медиҳанд. Аммо ба сари худ хатарнок нестанд ва аз онҳо натарсида, ба мобайни баҳр баромадан мумкин аст.

Ба қадри дур шудан аз замин соҳил, ҷари хокӣ ва марзаи сангзори лаби об дар назар торафт майдатар менамуданд ва дере нагузашта, ба хатти норавшане бадал шуданд, ки он ҳам гоҳ-гоҳ аз чашм нопадид мегашт. Дар фарози осмон абрҳо ноҷунбон менистоданд, аммо дар поён, дар наздикии сатҳи баҳр вазиши бод аён буд.

Тахмин пас аз ду соат Едигей заврақашро даст гирифт, белҳоро ба каноре гузошта, лангар андохт ва асбобҳояшро ба сайд омода намуд. Вай ду ғалтак таноб дошт. Якеро ба думболи заврақ устувор кард ва таноби посангакдор аз миёни душоха шорида ба чуқурии тақрибан сад метр фаромад ва дар ғалтак боз бист метри дигар таноби захира монд. Таноби дуввумро айнан ба ҳамин тариқа ба димоғаи заврақ баст. Ва боз белро ба даст бигирифт, то ба василаи он заврақро дар ҷои лозимааш нигоҳ дорад, то ки вай аз лаппиши амвоҷ ва вазиши бод ба ҳар сӯ майл накунад ва аз ҳама муҳиммаш — барои он ки танобҳо ба ҳам напечанд.

Ва шурӯъ намуд ба интизорӣ. Аз рӯи тахмини ӯ он моҳии нодир маҳз дар ҳамин гуна ҷойҳо мезист. Барои тасдиқи ин фарзия далеле надошт, балки фақат бо фаросот ба чунин хулоса омада буд. Ва эҳтимоде дошт, ки он моҳӣ ҳатман меояд. Онро нагирифта ба хона баргашта наметавонист. Вай барои дилхушӣ не, барои як чизи бағоят муҳимме дар рӯзгораш даркор буд.

Пас аз муддате моҳиён аз вуҷуди худ мужда доданд. Аммо моҳиёни дигар. Аввал аспакмоҳӣ ба шаст афтод. Едигей танобро боло мекашиду медонист, ки ин макраи заррин нест. Ҳеҷ имконпазир набуд, ки ба шасти аввал дарҳол макраи заррин биояд. Дар он сурат кор ба ҳадди имкон осон мешуду аз шавқу ҳаловат орӣ мебуд. Едигей розӣ буд, ки заҳматҳо бибарад, интизориҳо бикашад. Сонӣ ба чангак моҳии мӯйлабдор дармонд. Ин яке аз хубтарин, ҳатто метавон гуфт, беҳтарини моҳиёни Баҳри Арал буд. Едигей онро низ зада

пешина
аз 293
навбатӣ