Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бор худаш савор шуду бо хотири ҷамъ роҳи Бӯрониро пеш гирифт. Дар болои Қаранор, чун дар пушти фил, баҳузур менишаст. Оре, ба назари худи Едигей ҳам чунин менамуд, ки вай гӯё филсавор аст.

То он вақт дар ин ҷоҳо касе дар бораи филҳои саворӣ тасаввуре надошт. Ҳамон тирамоҳ ба истгоҳ аввалин филми ҳиндӣ омад. Ҳамаи қумбелиҳо, аз ҳафт то ҳафтодсола, ба тамошои филми аҷиб дар бораи кишвари ғариб шитофтанд. Ғайр аз рақсу суруди бисёр дар филм филҳоро нишон доданд. Мардум диданд, ки филсавор ба шикори паланг ба ҷангалҳои касногузар мерафтаанд. Он филмро Едигей ҳам тамошо кард. Вай ҳамроҳи сардори дуроҳа дар маҷлиси умумии иттифоқи касаба ба сифати вакили бӯрониҳо иштирок карда буд. Баъди он маҷлис дар клуби депо филми ҳиндиро намоиш доданд. Гап аз ҳамон ҷо сар шуд. Пас аз тамошо аз ҳар калла як садо мебаромад. Роҳиоҳанчиён изҳори тааҷҷуб мекарданд, ки аҷиб, дар Ҳиндустон ба фил савор мешудаанд. Ва яке аз онҳо бо овози баланд гуфт:

— Э ба ҳамун филҳо расо часпидед-дия! Қаранори Бӯрония куҷояш аз фил кам? Чӣ қадар хоҳӣ, бората бор кун, фил барин бардошта рафтан мегирад!

— Рост, рост! — гуфта хандиданд атрофиён.

— Фил ҳам гап шуд? — нидо дод боз як каси дигар.— Вай фақат дар мамлакати гарм зиндагонӣ карда метавонистааст. Канӣ, рӯзи зимистон ба дашти мо биояд! Чор пояша дароз накунад, ман зомин. Фил куҷою Қаранор кучо!

— Ҳой Едигей! Ҳой Бӯронӣ! Биё, ошно, як кор кун. Чӣ хеле ки дар Ҳиндустон кулбае сохта, ба пушти фил мемондаанд, ту ҳам якта хонача сохта ба болои Қаранор устувор кун, Бойбачаи Ҳиндустон барин кайф карда мегардӣ!

Едигей механдид. Ёру ошноҳо ҳазл мекарданд, албатта. Лекин дар бораи адуни номдори худ таърифу тавсиф шунидан гуворо буд...

Аммо ҳамон зимистон Едигей азоби Қаранорро кашид. Вале он сонитар, дар фасли сармо ба сараш омад.

Он рӯз бошад, дар мобайни роҳ барфи калон омад. Пештар ҳам чанд маротиба барф борида буд, аммо он қадар калон набуд ва об шуду рафт. Он рӯз нағзакак борид. Боз чунон борид, ки!.. Осмони дашти Сари Озек сип-сиёҳ шуд, бод ба туғён омад. Барфи лаклакӣ мезад.

пешина
аз 293
навбатӣ