Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ва дар пайкари Едигей хуни тираи интиқом ба ҷӯш омаду мағзи сарашро сӯзонид. Мехост худи хоҳир ҳамаи неруяшро ба муште ғундораду дар ин дуроҳаи манфур, дар ин мавзеи ба ғазаби худо гирифтор гардида, дар ин ҷое ки Дуроҳан Бӯрониаш мехонанд, ҳама чизро зада, вайрону валангор кунад, сӯхта хокистар кунад, ки ақаллан параҳае аз он боқӣ намонад ва сипас Қаранорро савор шаваду ба ягон гӯшаи биёбони Сари Озек биравад ва дар ҳамон ҷо ба танҳоӣ аз гуруснагӣ ва сармо бимирад!
Дар хонаи хилват бо ҳоли хароб, оҷизу нотавон ва моту мабҳут аз рӯйдоди ногаҳонӣ менишаст. Менишасту дар каллаи гичу гаранғаш ду саволи беҷавоб гаштаву баргашта пайдо мешуд: «Чаро бирафтааст, куҷо бирафтааст? Чаро бирафтааст, куҷо бирафтааст?»
Сипас ба хонааш омад. Укубала пӯстин ва телпакро хомӯшона аз дасташ гирифт, мӯзаи намадинашро ба кунҷи хона бурда монд. Аз чеҳраи сангвор сахту карахт ва хокистарранг гаштаи Едигей Бӯронӣ пай бурдан мушкил буд, ки дар дил чӣ андешае, чӣ нақшае дорад. Чашмонаш гӯё нобино буданд, чизеро ифода намекарданд, аммо дар қаъри худ кӯшиши ғайриинсонии соҳибашонро ниҳон медоштанд, ки мехост худро маҳкам ба даст бигирад, батамкин бошад. Укубала то омадани шавҳараш самоворро чанд бор ҷӯшонида буд. Самовор ҳоло ҳам дар ҷӯш буд, манқалдонаш пур-пури оташ.
— Чой тайёр, — гуфт зан. — Гармакак.
Едигей хомӯш ба ӯ назаре афканду ба нӯшидани оби ҷӯш идома дод. Вай гармии оби ҷӯшро эҳсос намекард. Ҳар ду бесаброна мунтазири гуфтугӯ буданд.
— Зарифа бачаҳояш-катӣ рафт аз ин ҷо, — ниҳоят гуфт Укубала.
— Фаҳмидам, — ғуригид Едигей аз пиёла чашм наканда. Муддате сокит нишаст, пас ҳамчунон аз пиёла чашм наканда савол дод: — Ба куҷо рафт?
— Инашро ба мо нагуфт, — ҷавоб дод Укубала.
Боз ҳар ду хомӯш монданд. Едигей ба ҷӯшонидани чой эътиборе надода, онро хӯрт-хӯрт менӯшиду хаёлаш фақат ба як нукта банд буд: коре кунад, ки оташ нагирад, натаркад, ҳамаро зеру забар накунад, бачаҳоро натарсонад, фалокатеро сар накунад...
Чойнӯширо ба итмом расонида, ба кӯча баромадан хост. Мӯзаи намадин, пӯстину телпакашро аз нав пӯшид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо