Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Ба куҷо? — пурсид занаш.
— Чорпоҳоро хабар гирам, — ҷавоб дод ӯ ба дари хона рӯй оварда.
Рӯзи кӯтоҳи зимистон ба анҷом мерасид. Ҳаво зуд торик мешуд, чунон зуд торик мешуд, ки ин ба назар мерасид. Сармо низ шиддат гирифт. Боди поингаҳӣ рӯи барфро рӯфта, барфроғаҳои ёлшакл ва лӯланамое сохта, пешопеши худ гелонида мерафт. Едигей бо чеҳраи гирифта ба ҳота даромад ва ба Қараноре ки ҳамчунон худро аз занҷир вораҳонидан мехост, теғ кашида нигарист ва гуфт:
— Ҳанӯз аррос мезанӣ! Ҳанӯз ором нашудай? Ҳоло ту, нобакор, рӯзата мебинӣ! Ман акнун илоҷи туро меёбам! Ҳар чӣ шавад, садқаи сарам!
Едигей хашмгинона аз паҳлуи Қаранор тела доду ӯро сахт ҳақорат кард, сонӣ зинро аз пушти уштур канда, ба сӯи партофт ва занҷири пояшро кушод. Баъд аз таноби нӯхта гирифту ба дасти дигар тозиёнаи ба дастааш печонидашударо фишурда, атани аз ғусса нолишкунандаро аз дунболаш кашида, ба дашт равон шуд. Едигей чанд маротиба ба қафо рӯй оварда, бо тозиёна ба Қаранори Бӯронӣ таҳдид намуд, то доду фаръёди худро бас кунад, аммо азбаски ин ҳаракатҳо таъсире набахшид, туф карду дигар ба вай эътиборе надода, ба роҳаш рафтан гирифт. Аз миёни барфи ғафс, боди барфолуд ва даште, ки ба оғӯши торикӣ даромада, тарҳи худро тадриҷан гум мекард, устуворона қадам мезад. Вазнин-вазнин нафас мегирифт, аммо намеистод. Муддати дарозе ғамгинона сар ҳам карда роҳ мепаймуд. Аз дуроҳа дуртар рафта, дар он сӯи тал Қаранорро аз роҳ дошт ва бераҳмона қасос бигирифт. Пӯстинашро ба рӯи барф партофта, таноби нӯхтаро аз камарбандаш гузаронид, то ки уштур аз дасташ баромада нагурезад, то ки дастонаш озод бошанд. Ва аз кабзаи тозиёна дудаста дошта, атанро кӯфтан гирифт, алами мусибатҳои худро аз вай ситонидан гирифт. Ба пайкари Қаранори Бӯронӣ шартошурт тозиёна мезад ва пас аз ҳар зарба бо садои гирифта дашному нафрин мехонд:
— Ана ба ту! Ма! Ма! Ҳайвони ноасл! Ҳамааш касофати ту! Аз барои ту шуд! Айби ту шуд! Акнун сар медиҳамат, бирав, чор тарафат қибла, лекин аввал ҷазоятро медиҳам! Мана ба ту! Ма! Фалокати носерам! Ту серӣ надорӣ! Ту бояд, ки ба чор тарафи олам даводав

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо