Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Шояд, ки ба худ биоӣ. Сонитар ба ҳота медарорам. Чанд рӯз мехобӣ, беҳбудӣ меёбӣ.
Ҳамон рӯз ӯ бо Қазонқоп сӯҳбате дошт. Худаш ба хонаи ӯ рафту худаш гапро кушод:
— Ба пеши ту, Қазонқоп, бо як кор омадам. Ҳайрон нашав, нагӯй, ки дина гап задан намехост, пӯлашӯлан бисёре гуфту имрӯз боз худаш даромада омадааст. Як гапи ҷиддӣ дорам. Мехоҳам Қаранорро ба худат баргардонам. Барои ташаккур гуфтан омадам. Вақте ки уштурбача буд, ҳадя карда будӣ. Ташаккур. Бисёр хизматҳо кард. Ба қарибӣ ба ҷонам расонда буд, бадашт пеш кардам, боз имрӯз омадааст. Поярро базӯр меҷумбонад. Ҳоло дар ҳота мехобад. Баъди ду-се ҳафта асли қадим барин бардаму бақувват мешавад. Лекин кам-кам хӯроки нағз дода истодан лозим.
— Сабр кун, — сухани ӯро бурид Қазонқоп. — Ту таноби гапа ба куҷо бурда истодаӣ? Чаро баноҳост Қаранорро пас гардониданӣ ҳастӣ? Чӣ, ман аз ту илтимос карда будам?
Ва онгоҳ Едигей муддаои худро ошкоро арз намуд. Яъне ки ният дорам, оилаамро гирифта биравам. Сари Озек ба дилам зад, ҷои истиқоматро дигар кардан лозим. Шояд, ки беҳтар шавад.
Қазонқоп бо диққат гӯш карда нишасту чунин ҷавоб дод:
— Ихтиёр ба худат. Лекин, ба хаёлам, худат намедонӣ, ки дилат чӣ мехоҳад. Хайр, мисол гирем, ту ҳестию рафтӣ, аммо аз худат, аз дилат гурехта наметавонӣ-ку! Ба кадом гӯшае наравӣ, ғаму ғуссаат ҳамроҳ меравад. Не, Едигей, мард бошӣ, талошатро бо худат дар ҳамин ҷо кун. Рафтан ҳунар нест, аз дасти ҳар кас меояд. Худро идора кардан ҳунар аст.
Едигей ба сухани Қазонқоп на розӣ шуд, на эътироз кард. Дам ба дам оҳи гарон кашида, хомӯшона фикр карда менишаст. «Шояд, ба ҳар ҳол биравам ба ягон кишвари дигар? — андеша мекард дар дилаш. — Фаромӯш карда метавониста бошам? Хӯш, аслан фаромӯш кардан шарт аст? Хайр, чӣ бояд кард? Фикр накардан ҳам мумкин нест, фикр кардан ҳам мушкил аст. Зарифа чӣ? Бо кӯдаконаш ба куҷо рафта бошад? Оё касе ҳаст, ки дар лаҳзаи даркорӣ мададгораш шавад? Ба Уқубала ҳам осон не. Чанд рӯз инҷониб бегонаҳо барин абрӯ гиреҳ карда гаштанамро мебинаду лом намегӯяд... Айби вай чист?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо