Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Қазонқоп пай бурд, ки ҳоло аз дили Едигейи Бӯронӣ чӣ гапҳо мегузарад. Бинобар ин аввал барои диққати ӯро ба худ кашидан, сулфа кард ва баъди сар бардошта ба ӯ нигоҳ карданаш гуфт:
— Аслан, Едигей, аз ин тавр кун ё он тавр гуфтан ман гаразе надорам. Ба ҳама ҷиҳати кор ақли худат мерасад. Пӯсткандаи гапро гӯем, ту Раймалӣ-ого неву ман Абдулхон не. Ва дар масофаи садҳо фарсах дар атроф ягон ниҳолаки тӯс ёфт намешавад, ки ман дасту пои туро ба он баста монам. Ихтиёр ба худат, дилат ҳар чӣ хоҳад, ҳамонро кун. Фақат пеш аз кӯч бардоштан нағзакак фикр карда бин.
Ин суханони Қазонқоп дергоҳе аз хотири Едигей намерафт.
X
Раймалӣ-ого дар замони худ ҳофизи овозадоре буд. Аз айёми ҷавонӣ шӯҳрат пайдо кард. Ривоят мекунанд, ки ба ин ҷирау Худованд якбора се ҳунар дода буд: ҳам шеър мегуфт, ҳам оҳанг мебаст, ҳам мутрибу гӯяндаи хушовозе буд. Ҳамзамонон мафтунаш буданд. Ҳамин ки соз ба даст гирифту ба торҳои он ноҳун расонид, савти тозае ба дунё меомад, дар пеши назари сомеон суруди дилҳуруше тавлид меёфт. Ва рӯзи дигар он суруд аз даҳон ба даҳон гузашта, ба сайри олам мерафт, зеро ҳар кас навои Раймалӣ-огоро мешунид, ҳатман онро ба овулу чарогоҳҳо мебурд.
— Ба наҳри кӯҳӣ хам шуда, об менӯшад, лаззати оби ширинро бодпоям медонад; аз сари зин хам шуда, туро мебӯсам, лаззати зиндагиро ман медонам,— месаронданд йигитҳои он замона.
Раймалӣ-ого либосҳои хушрӯи рангоранг мепӯшид. Телпакҳои гаронбаҳои мӯинаро дӯст медошт ва аз зимистон то тобистон — дар ҳар фасл ҳар гуна кулоҳ мепӯшид. Ва боз як ёри бовафо дошт ӯ: аспи тиллоранги ахалтекинӣ, ки дар базме дӯстони туркманаш ҳадя кардаанд. Аспи бодпояш Сараларо баробари худаш тавсиф мекарданд. Гашти зебою бошукӯҳашро дида, ҳаловатвор мебурданд.
— Раймалӣ-ого ду сарват дорад: навои думбураю гашти Сарала, — мегуфтанд одамони шӯхтабъ.
Рост мегуфтанд. Ҳамаи умрашро Раймалӣ-ого пой дар рикобу даст бар думбура гузаронидааст. Шӯҳрати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо