Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

рафту ришу мӯйлаб тарошонад, эҳтимол, дар назари мардум бараҳнаи модарзод гаштагӣ барин намояд. Хулласи гап, аз он дамҳо як умри дароз гузашту рафт.

Мана ҳоло Едигей Қаранори ба замин хобидаро зин мезаду гоҳ бо дастафшонӣ ва гоҳе садо бароварда, ӯро ором менамуд, чунки айгир дам ба дам ба мисли шер наъра кашида, сари сиёҳи жӯлидамӯй ва гардани дарозашро афшонида, дандонҳои салобатнокашро нишон медод. Ҳа, Едигей уштури худро ором менамуд дар айни замон воқеаҳои он солҳоро ба ёд меовард. Хотираҳоро ба ёд меоварду дилаш нарм мешуд...

Дар сари уштураш муддати дарозе чунбуҷӯл дошт, зину лаҷому дигар афзори онро дуруст мекард. Ич дафъа вай аз таки зин бар пушти уштур беҳтарин чули қапӯшакеро партофт, ки бо нақшу нигори қолинӣ ва пупаку шилшилаҳои ҳарранга зинат ёфта буд. Вай ҳатто дар ёд надошт, кай бори охирин ин чули ноёбро, ки Укубала дар кунҷи сандуқаш эҳтиёт карда мемонд, ба пушти Қаранор пӯшонида буд. Мана акнун чунин мавриде расидааст.

Пас аз зин кардани Қаранор Едигей онро бар пой хезонид ва кори худро аз назар гузаронда, қонеъ шуд. Ҳатто дилаш аз ифтихор моломол гардид. Қаранор дар зери чули зебои пӯпакдор ва зини миёни ду кӯхон бисёр нағз нишаста хеле пуршукӯҳ ва неруманд менамуд. Майлаш, бигузор ҷавонон, хусусан Собитҷон, бидонанд, ки дафни одами заҳматкаши мӯътабар дарди сари барзиёд не, ташвиши изофӣ не, балки ҳодисаи ғамангез бошад ҳам, воқеаи бузург аст ва бояд, ки бо эҳтироми муносибаш анҷом ёбад. Кавме дар ин гуна маросимҳо мусиқӣ менавозанд, байрақҳоро ба пеши издиҳом мебароранд, дигарон ба ҳаво тирандозӣ мекунанд, як тоифаи дигар ба сари тобут гул мепошанд ва гулчанбарҳо мегузоранд.

Аммо вай, Едигейи Бӯронӣ, фардо саҳар Қаранори чӯли зебо пӯшидаро савор мешаваду пеш-пеши ҳама ба роҳи Она-Байт медарояд, то Қазонқопро ба маскани охирин ва абадиаш гусел намояд... Ва дар тӯли ҳамаи роҳ, сар то сари Миёнадаштҳои малларанг, сар то сари ин Мардумаки зарди биёбон дар бораш вай фикр мекунад. Ва дар бораи вай фиркунон дар қабристони қабилавӣ ӯро ба хок месупорад, чунон ки онҳо байни худ аҳду паймон баста буданд. Оре, ҳамин гуна аҳду паймон буд. Роҳи қабристон дур аст ё наздик аст, фарқе надорад, ҳеҷ кас, ҳатто писари худи шодравон наметавонад халал

пешина
аз 293
навбатӣ