Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

расонад ё монеъ шавад, ки ӯ васияти Қазоқонро ба иҷро бирасонад...

Бигузор ҳама бидонанд, ки маҳз ана ҳамин тавр хоҳад шуд ва барои адои ин мақсад Қаранори ӯ кайҳо омада шудааст. Мана зину афзораш тайёр.

Бигузор ҳама бинанд. Едигей Қаранорро аз нӯҳта дошта, аз гирди хонаҳо давр зада, ба назди кулбаи Қазоқон омад ва дар ҳамон ҷо баст. Бигузор ҳама бинанд. Вай Едигейи Бӯронист, ваъдахилоф нест. Аммо маълум шуд, ки Едигей беҳуда ин қадар ғусса мехӯрдааст. Вақте ки Едигей бо афзори уштур машғул буд, Одилбои Дароз фурсати муносибе ёфта, Собитҷонро ба каноре баровард.

— Биё, — гуфт, — ба ягон ҷои соя рафта, камтар чак-чак кунем.

Гуфтугӯяшон чандон дароз накашид. Одилбой шаф-шаф нагуфта, мақсадашро якбора изҳор намуд:

— Медонӣ, Собитҷон, худоро шукр бигӯ, ки падарат дар рӯи дунё Едигейи Бӯронӣ барин дӯсте доштааст. Ту ба мо халал нарасон, мо ин одамро аз рӯи расму оин дафн мекунем. Вақтат набошад, майлаш, рафтан бигир. Ман аз ҷониби ту як каф зиёдтар хок мепартоям!

— Падари худам, ман худам медонам... — гӯён Собитҷон ба гап сар кардаӣ буд, ки Одилбой миёни суханашро бурид:

— Медонам, падар падари ту, лекин худат ҳоло ба худ наомадаӣ.

— Э ту як гапҳо мегӯӣ ки... — дами Собитҷон андаке паст шуд. — Хайр, майлаш, монем ҳамин гапар дар ҳамин хел рӯз. Майлаш, ба Она-Байт мебарем, фарқаш чӣ, ман ҳамту як даҳан гуфтам, ки андак дуртар, ба хаёлам...

Бо ҳамин «чак-чаки» онҳо тамом шуд. Вақте ки Едигей Қаранорро ба ҳама намоиш дода, ба ин ҷо оварда баст ва ба бӯрониҳо муроҷиат карда: «Э монед ҳамин гапҳоя! Ба шаъни йигитҳо намезебад ин! Ин хел як одама дар Она-Байт дафн мекунем!» гуфт, касе ба ӯ лом нагуфт, ҳама хомӯшона розӣ шуданд.

Ҳамон шабро якҷоя аз рӯи таомули ҳамсоядорӣ дар рӯи ҳавлии марҳум, дар назди кулбааш гузарониданд. Хайрият, ҳаво ҳам нағз омад. Баъди гармои рӯзона ҳавои серуни аввали тирамоҳи дашти Сари Озек фаро расид.

пешина
аз 293
навбатӣ