Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

мо кашф шудааст. Дар навбати худ онҳо ҳамон гуна формулаи ҷисми сайёраи худро хабар доданд. Хулосае баровардем, ки он сайёраи маскун низ хеле бузург бу-дааст ва қувваи ҷозибааш низ ба қадри кофист.

Ба ҳамин тариқа нахустин маълумотҳо доир ба қонунияти физикӣ радду бадал шуданд, ба ҳамин минвол мо бо соҳибшуурони ғайризаминӣ робита пайвастем.

Ғайризаминиён дар боби вусъат додани робита бо мо ва беҳтар намудани он ҳарифони фаъоле буданд. Бо саъйи онон пайвастагии мо аз маъною мазмуни тоза ғанӣ мегардид. Дере нагузашта, мо огоҳ гардидем, ки эшон чунон аппаратҳои парвозӣ доранд, ки суръаташон баробари суръати нур аст. Ҳамаи ин иттилоотро аввал ба тавассути мубодилаи формулаҳои математикӣ ва ки-миёвӣ дарёфтем, сипас ғайризаминиён ишора наму-данд, ки ба гуфтушуниди биловосита қодиранд. Маълум шуд, ки солҳои дароз инҷониб, аз он айёме ки замини-ён қувваи кашиши Заминро рафъ намуда, ба фазои кай-ҳон баромаданду он ҷо қароргоҳ ёфтанд, ҳарифон бо кӯ-маки аппаратҳои пуриқтидори аудокайҳонӣ, яъне асбоб-ҳое, ки метавонанд садои ҷисмҳои дурудури Олами Аф-локро бишнаванд, забонҳои моро меомӯхтаанд. Радио-алоқаи байни кайҳон ва Заминро сабт намуда, ба ва-силаи муқоиса ва таҳлил ба дарёфтани маънои кали-ма ва ибораҳои мо муваффақ шуданд. Вақте муколи-маи онҳоро ба забонҳои англисӣ ва русӣ шунидем, ба ин дигар шакке намонд. Ин воқеа барои мо боз як кашфи ҳайратангез ва мабҳутгаре буд...

Акнун чанд калима оид ба чизи аз ҳама муҳимтар. Мо ҷуръат намудем ба ин сайёраи тамаддуни ғайризаминӣ сафар кунем. Пайкараи Чангалистон будааст номи он сайёра, ба ҳар ҳол мо онро ҳамин тариқа дарк намудем. Сокинони Пайкараи Чангалистон, ё мухтасар гӯем, чангалистониҳо худ моро даъват намуданд, ташаббус ташаббуси онҳост. Мо хуб андеша карда, розӣ шудем. Ҳарифон гуфтанд, ки аппарати парвозии онҳо, ки бо суръати равшанӣ роҳ мепаймояд, ба қароргоҳи мадории мо дар бисту шаш — бисту ҳафт соат мерасад. Ва ҳамин ки мо бихостем, чангалистониҳо моро дар ҳамин қадар муддат ба манзили худ боз пас хоҳанд гардонид. Мо оид ба тариқи васли аппаратҳои гуногун савол додем ва онҳо дар посух гуфтанд, ки дар ин бобат мушкиле нест, зеро аппарати парвозии Пайкараи Чангалистон қобил аст ба ҳар гуна предмети шакл ва сохташ гуногун

пешина
аз 293
навбатӣ