Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаб ба ҳамин минвол мегузашт. Едигей Бӯронӣ ба кори худ худаш ҳайрон буд, ки ҳамаи ин корҳоро ба осонӣ ва оромӣ анҷом дода тавонист. Пештар ягон кас ба ӯ мегуфт, ки ҳамин гуна кори ногувори хузновар ҳам аз дасташ меояд, бовар намекард. Пас, дар пешониаш навишта шуда будааст, дар тақдираш будааст, ки Қазонқопро вай дафн кунад. Ҳа, тақдир...

Рӯзе ки онҳо дар истгоҳи Қумбел аввалин бор вохӯрданд, кӣ медонист, ки чиҳо мешавад. Едигейро баъди садамаи асаб охири соли чилу чаҳорум аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб доданд. Зоҳиран чор абзораш чок буд. Дасту пояш бутун, сараш бутун, аммо гӯё сари худаш нею азони каси бегона барин буд. Дар даруни гӯшҳояш гӯё боди тунди бардавоме хуштак мекашид. Чанд қадам роҳ мерафту банохост мекалавид, сараш чарх мезад, дилаш бехузур мешуд. Баданашро шип-шилта арақ зер мекард, гоҳ арақи сард, гоҳ арақи сӯзон. Забонаш ҳам баъзан итоат намекард, барои ягон калима гап гуфтан чӣ қадарҳо азоб мекашид. Мавҷи таркиши снаряди немис ӯро сахтакак зарба зада буд. Ба куштан накушт, лекин аз он хел зиндагонӣ мурдан беҳтар буд. Едигей он вақт бисёр маъюс буд. Бӯзбалаи афту андомаш дуппа-дуруст, худаш саҳат-саломат менамуд, аммо агар ба хонаи худ, ба соҳили баҳри Арал баргардад, чӣ коре аз дасташ меояд? Ба кӣ лозим мешавад ӯ?

Хушбахтона, духтури аҷоибе дучораш омад. Едигей чеҳраи ӯ, чеҳраи марди сурхмӯи қавипайкари чашму биникалони яктаҳу каллапӯши сафед дар бар кардаро ҳанӯз гӯё дар пеши назар мебинад. Вай ӯро табобат ҳам накардааст, танашро муоина кард, ба нафаскашнаш, тапиши дилаш гӯш дод ва ба сари китфаш хушҳолона тап-тап заду хандид.

— Медонӣ, ҷӯрагон,— гуфт ӯ,— ба қарибӣ ҷанг тамом мешавад, набошад, пас аз муддате туро ба сафи армия бармегардондам, боз дар қатори рафиқонат истода, бе ту ҳам ба ғалаба мерасем. Аммо ту ғаму ғуссая аз дилат бароварда парто, баъди як сол, ҳатто як сол буд нашуда, саҳат-саломат, гови гардун барин бардаму бақувват мешавӣ. Қавли ман ба ту ҳамин, ягон вақт ба ёд меорӣ. Ҳозир лашу лушата ғундор, бирав ба диёрат. Парво накун, ту баринҳо сад сол умр мебинанд.

пешина
аз 293
навбатӣ