Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

эҳтиёт карда буд. Буду шуди сарбоз ҳамин буду бас.

Саг ҳалворо аз кафи ӯ лесида гирифту қисирросзанон хоида фурӯ бурд ва дум ликконида, чашмони аз нури умед рахшонтар гаштаашро бо диққат ба рӯи ӯ дӯхт.

— Шуд, ошно, акнун ман рафтам.

Едигей аз ҷой бархосту лаб-лаби баҳр ба роҳ даромад. Вай аҳд карда буд, ки шиносони сокини истгоҳро ташвиш надиҳад. Бомдод наздик буд, фурсатро нагузаронида, ба овули худ Чонгелди бояд бирасад.

Вай аз соҳил дур нашуда, роҳ мепаймуд ва фақат чоштгоҳӣ ба Чонгелди расид. Пеш аз садама хӯрданаш ин масофаро дар ду соат тай мекард. Хабари мудҳише Едигейро ин ҷо мунтазир буд. Маълум шуд, ки писаракаш кайҳо чашм аз олам пӯшидааст. Вақте ки ӯро ба фронт фиристоданд, кӯдак нимсола буд. Бача ёздаҳмоҳа шуду мурд. Ба дарди сурхча гирифтор шуду ба табу сӯзи дарунӣ тоб оварда натавониста нобуд шуд. Ба падараш дар ин хусус хабар надоданд. Ба куҷо нависанд, барои чӣ? Мусибати майдони ҷанг бе ин ҳам беҳадду ҳисоб. Зинда баргардад, худаш мефаҳмад. Месӯзад, мепазаду ба тақдир тан медиҳад. Хешовандон ба ҳамин қарор омаданд ва ба Укубала маслиҳат доданд, ки ба шавҳараш маълум накунад. Шумо, гуфтанд, холо ёш, ҷанг тамом шавад, худо хоҳад, боз фарзанд мебинед. «Шоҳи чанор шиканад, боке нест, тана бутун бошад». Боз мулоҳизаҳои дигари ногуфта ҳам буданд, ки ҳама медонистанд, мефаҳмиданд: майдони ҷангдия, мабодо ҳодисае шавад, мабодо тире расад, дар дами вопасин аз дунёи равшан ноумед намепавад, дар дилаш мегӯяд, ки аз ман ҳам якта нишона мондааст...

Уқубала бошад, шавҳари баргаштаашро аз оғӯш ра-ҳо накарда, беист мегирист ва мегуфт, ки ба талаф шу-дани кӯдак худам зомин. Охир вай ин рӯзро кайҳо боз бо умед ва дарду ҳасрати бепоёну пуразобе мунтазир буд. Бо ашки шашқатор нақл мекард, ки пиразанҳо ӯро даррав огоҳ карданд, ки бача сурхак баровардааст, ин дард хеле фиребанда аст, кӯдакро ба кӯрпаи гарми пашми уштур печонида, дар хонаи торик нигоҳ дош-тан даркор, мӯлтар оби ҷӯши хунук карда додан ло-зим. Умраш боқӣ бошад, ба таби баланд тоб оварда тавонад, худо хоҳад, зинда мемонад. Аммо вай, ҷавон-зани шӯрбахти бебарор, ба гапи пиразанҳои овул гӯш

пешина
аз 293
навбатӣ