Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хайр, бирав, нигоҳ мекунам, — ваъда дод Едигей як дам аз белзанӣ даст бардошта ва арақи сару рӯяшро бо латтаи сиёҳи аз нами гаронгашта пок карда.

Аз сару рӯяш беист арақ мешорид. Вай ҳамчунон дар паҳлӯи ғарами ангишт истода, ба замбаргалтак ангишт мепартофт. Барои он ки бачаҳои шӯхи истгоҳ уштурро безор накунанд, гоҳ-гоҳе дар мобайни кор ба он сӯ як назар афканданаш кифоя буд. Боре вай хазлу бозиҳои беадабонаи онҳоро дида буд. Чонвари бечораро ба ҳолате расонданд, ки вай ҳам бо хашму ғазаб наъра кашида ва ба ҳар сӯ кафки даҳонашро пош дода, аз дунболи бачаҳо медавид. Онҳо бошанд, аз ин вазъи ҳайвон бештар ба ваҷд омада, монанди шикорчиёни замонҳои ибтидоӣ бо хаёҳуи гӯшкаркуне ҷонварро иҳота карда, ба сару тани вай сангу чӯб меғуррониданд. То бозомадани соҳибаш ҷонвари бегуноҳ ба ҳоле расида буд...

Ин дафъа низ, гӯё касдан бошад, як даста писарбачаҳои серғавғои пойлучу сарлуч пайдо шуда, ба тӯббозӣ сар карданд. Ва тӯбашонро бо тамоми қуввате, ки доштанд, ба ҷониби уштури побанд мезаданд. Уштур аз онҳо гурехтанӣ мешуд, вале онҳо ба шикаму паҳлӯҳои вай боз сахттару чолоктар тӯб мезаданд. Ва оне ки тӯбаш ба нишон расид, гӯё ба дарвозаи ҳариф гол зада бошад, фаръёди шодмонӣ мекашид.

— Ҳой, бачаҳо, чаро ба ҷонвари безабон мечакед? Ку, зудтар аз ин ҷо биравед! — бели худро дар ҳаво алвонҷ дода гуфт Едигей. — Ман ҳозир шуморо!..

Бачаҳо каме қафо нишастанд, гумон карданд, ки соҳиби уштур, аз афти кор, ҳамин мардак аст, ё худ намуди марди бел бадаст басо ҳавлангез буд. Мабодо ки ба замми ин вай боз маст ҳам бошад, дар он сурат кор тамоми чатоқ мешавад, гуфтанд дар дилашон бачаҳо ва тӯбашонро зада-зада, дуртар гурехтанд. Онҳо намедонистанд, ки ба тӯбу уштурбозии онон касе халал расонида наметавонист. Едигей фақат ба номаш бели худро боло бардошта, таҳдид карда буд, аммо дар амал барои таъқиб кардани бачаҳо маҷоле надошт. Барои як бел ангиштро бардошта, ба замбаргалтак партофтан вай сиву ду рагашро якҷоя карда зӯр мезад. Ҳаргиз гумон надошт, ки заифу нотавон ва нотоб будан то ин дараҷа бад аст, зиллатовар аст. Сараш муттасил чарх мезад. Ба обу арақ ғарқ шуда, бо азобе кор мекард, ҷанги ангишт нафастангаш менамуд, балғами

пешина
аз 293
навбатӣ