Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки нимбозу нимпӯш шуда, ба касе назар медӯхтанд, дар атрофашон ожангҳои реза тӯр мебастанд.

Қазонқоп ҳамон вақт тақрибан чилсола буд. Балки мӯйлаби кӯтоҳ қайчӣ зада ва риши на чандон калони сиёҳтобаш ӯро қадаре солхӯрдатар нишон медоданд. Аммо бештар аз ҳама нутқи бамулоҳизааш ба ҳамсӯҳбатон ҳисси эътимод талқин мекард: Дар дили Ӯқубала ба ин шахс дарҳол ҳиссиёти эҳтиром пайдо шуд. Ҳар чизе ки ӯ мегуфт, бамавқеву баҷо буд, зеро суханҳои оқилона мегуфт. Модоме, мегуфт, ба сарат ин хел рӯзи сахт омадааст, модоме осори садама аз баданат дур нашудааст, бар зарари сиҳатӣ кор кардан чӣ лозим? Ман, Едигей, ҳоли туро даррав пай бурдам. Ба ин кор зӯри ту намерасад. Ту ҳоло барои ин хел корҳо қувват надорӣ. Дасту поятро базӯр меҷунбонӣ. Ҳозир бояд бо ягон кори сабук машғул бошӣ, дар ҳавои кушод гардӣ, шикамсерӣ шири тоза биошомӣ. Мана, мисол гирем, дар дуроҳои мо барои таъмири роҳ одам намерасад. Сардори нави дуроҳа дар ҳар маврид мегӯяд, ки ту, Қазонқоп, дар ин ҷоҳо кӯҳнатарин сокинӣ, одамони ба мо даркориро бояд ту даъват кунӣ. Лекин одами коргара аз куҷо меёбӣ? Ҳама дар ҷанг. Барои онҳое, ки аз фронт озод шудаанд, дар дигар ҷойҳо ҳам кор ёфт мешавад. Ростӣ гап, ҷаҳони мо биҳишт намегӯям. Чор тарафамон — дашти Сари Озек, на об ҳаст, на одам. Ҳар ҳафта як бор обро цистернакатӣ меоранд. Баъзан мешавад, ки аз як ҳафта гузашта мераваду аз об дараке нест. Ҳа, ин тавр ҳам мешавад. Он ғоҳ ба дашт баромада, ба сари чоҳҳои кӯҳна рафтан лозим меояд. Саҳарӣ аз хона мебароӣ, аввали шаб чанд саноҷро пур карда, об меорӣ. Сари Озек ҷои хилват бошад ҳам, мегуфт Қазонқоп, дар ҳамон ҷо як сарпаноҳе дошта бошӣ сад бор авлотар аст, ки ин хел сарсону дар ба дар бошӣ. Ягонта кулба ёфт мешавад, кори доимӣ ёфт мешавад, чӣ тавр кор карданро ёд медиҳем, оҳиста-оҳиста соҳиби рӯзгор шудан мумкин. Ин тарафаш ба худи кас вобаста.
Дукаса шуда кор кунед, ба рӯзгоратон мерасад-дия.
Дере нагузашта, мебинӣ, ки саломатӣ ҳам аз нав барқарор шудааст. Он тарафаша дида арз мекунем, ба дилатон занад, ба ягон ҷои беҳтар меравед...

Ана ҳамин хел гапҳо мегуфт Қазонқоп. Едигей
фикр карда истод-истоду розӣ шуд. Худи ҳамон рӯз
ҳамроҳи Қазонқоп ба дашти Сари Озек, ба сӯи дуроҳан

пешина
аз 293
навбатӣ