Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
бегона ҳаққонӣ маҳкум шудааст ва ӯ аз баҳри чунин як падар мегузарад ва барои падари вай барин душманони синфӣ дар рӯи замин ҷой нест ва чунин одамон дар ҳар ҷое бошанд, бояд ҳатман маҳв карда шаванд.
Ба Қазонқоп лозим омад, ки ба кишварҳои дуродур сафар кунаду ҷони худро аз он шармандагӣ вораҳонад. Дар Бетипоқдала — дар Мирзоҷӯли назди Самарқанд шаш соли тамом кор кард. Ҳамон солҳо барои кишти пахта аз худ кардани он заминҳои асрҳо аср бекорхобида сар шуда буд. Тухми одам анқо буд. Мардум дар баракҳо зиндагонӣ мекарданду ҷӯйбору каналҳо мекофтанд. Қазонқоп заминкан ҳам буд, тракторчӣ ҳам буд, сардори бригада ҳам таъин шуд. Барои меҳнати зарбдораш грамотаи фахрӣ доданд. Дар ҳамон ҷо зан гирифт. Ба Мирзоҷӯл он солҳо барои пулкоркунӣ аз ҳар сӯ одамон меомаданд. Духтари қарақалпоқ Букей ба Бетипоқдала ҳамроҳи бародаронаш аз назди шаҳри Хива омад. Хуллас дар ин ҷо ба ҳам вохӯрдан дар тақдирашон будааст. Дар ҳамон ҷо хонадор шуданд ва аҳд карданд, ки ба зодгоҳи Қазонқоп, ба соҳили Баҳри Арал, ба назди хешовандони худ, ба диёри худ баргарданд. Аммо ин ниятҳо то ба оқибатҳояш мулоҳиза ва муҳокима накарда буданд. Муддати дарозе сафар мекарданд, аз қаторе фаромада, ба қатори дигар, аз ҷумла ба «маҳсумҳо», савор мешуданд. Ҳангоми дар Кумбел охирин бор қатор иваз карданашон Қазонқоп тасодуфан чанде аз ҳамдиёрони аралии худро дучор омад ва аз гуфтушунидҳо дарёфт, ки ба Бешағоч баргаштани ӯ ғалат аст. Маълум гардид, ки он ҷо ҳанӯз худи ҳамон ифроткорон фармонфармоӣ мекунанд. Инак, Қазонқоп ба овули худ баргаштан нахост. На аз он сабаб, ки аз чизе биме дошт, не, дар дасти вай акнун Грамотаи Фахрии Узбекистон буд. Вай намехост чашмаш ба рӯи шахсоне биафтад, ки ӯро таҳқир намуда, худ шодию хурсандӣ мекарданд. Онҳо ҳанӯз худро мусичаи бегуноҳ вонамуд мекарданд ва ба назди онҳо рафта, ба онҳо оромона даст дода саломуалек кардан ва худро тамом нодида ва ношунида тарошидан аз ҳад зиёд мушкил буд.
Қазонқоп ба ёд овардани он воқеаҳоро дӯст намедошт ва ба идрокаш намерасид, ки он рӯйдодҳо ба
1 Қаторҳои боркаш, ки барои мусофиркашонӣ таъин шуда бу-данд, ҳамин тавр ном доштанд (муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё