Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Пас, гӯш кун ва дар хотир дор, ки банӣ одам фақат аз Худованд намеранҷад. Аҷал фиристад, мегӯяд, ки вақту соаташ расида будааст, одам ба дунё меояд ва умраш, ки тамом шуд, меравад. Аммо барои ҳама чизи дигар дар рӯи олам ҷавобу ҷавобгарӣ ҳаст ва бояд, ки бошад! — Қазонқоп аз ҷой бархост ва ба касе нигоҳ накарда, хомӯшу хашмгин аз хона баромад ва ба куҷое рафт...
Дафъаи дигараш чандин сол баъдтар рӯй дода буд. Едигей ва Укубала ба Бӯронӣ соҳиби хонаву дар ва бачаву кача шуда биосуданд. Яке аз шомгоҳони рӯзи баҳор Едигей чорворо ба ҳаётӣ медароварду ба барраҳои навзоди ба рама иловашуда ишорат карда, ҳазломез гуфт:
— Қазаке, мову ту боз давлатманд шудем. Мабодо ки ҳар дуямонро боз кулак эълон кунанд-а!
Қазонқоп ба ӯ нохост ало нигоҳ кард. Тораҳои мӯйлабаш сих шуданд.
— Аввал андеша кун, баъд гап зан, ошно!
— Э ба ту чӣ шуд? Ҳазла намефаҳмӣ?
— Ҳазл эбаш-катӣ...
— Мон-е, Қазаке, Сад сол гузашту...
— Рост, сад сол гузашт. Молатро бигиранд, намемирӣ, боз меёбӣ. Аммо агар номусатро поймол кунанд, дигар дармоне нест...
Лекин рӯзе ки онҳо роҳи байни Қумбелу Бӯрониро тай мекарданд, то ба ин гуфтугӯҳо ҳоло фурсати зиёде дар пеш буд. Ҳоло касе намедонист, ки оқибати сафари онҳо ба дуроҳои Бӯронӣ чӣ гуна хоҳад буд, оё ба шароити Бӯронӣ чанд муддат тоб оварда метавонанд, ба он шароит одат мекунанд ё сарашонро гирифта, ба гӯшаи дигари олам мераванд. Онҳо ба ҳамин тариқа дар бораи зиндагонӣ сӯҳбаткунон роҳ мепаймуданд ва дар зимни сухан Едигей савол дод, ки чӣ тавр шуд у Қазонқоп ба фронт нарафт ё ягон хел нотобие дошт?
— Не, Худоро шукр, сиҳат-саломатам, — ҷавоб дод Қазонқоп, — ягон хел дард надоштам ва, ба хаёлам, агар ба фронт мерафтам, аз дигарон бадтар намечангидам. Даъвати ман дигар хелтар буд...
Қазонқоп ба Бешагоч дигар баргаштан нахосту дар Қумбел монд. Илоҷи дигар ҳам набуд. Боз ба Мирзочӯл биравам гӯяд, роҳ ниҳоят дур, мардум ҳам хоҳанд гуфт, ки чаро рафтию чаро омадӣ? Ба соҳили Арал рафтан намехост. Сардори истгоҳ одами нағз будааст, бечорахоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё