Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Дере нагузашта, навбати Қазонкоп ҳам даррасид. Ба ҷанг даъват намуданд. Аз Қумбел повестка омад, ки ба пункти аскарҷамъкунӣ ҳозир бишавад. Сардори дурӯхаи Бӯрониро фигон бар фалак печид: беҳтарин таъмиргарашро мебурданд ва ҳол он ки сар то сари дурӯха фақат якунимта таъмиргар буду бас. Аммо аз дасти сардор ҳам чӣ кор меомад, ба гапи ӯ, ки иқтидори дурӯха беинтиҳо нест, мегуфт, кӣ гӯш медиҳад?.. Паровозох ба назди семафорҳо расида, фигон мекашанд... Агар арз бикунад, ки ба тарзи таъчилӣ боз як хати наве кашидан зарур аст, ӯро хандасор хоҳанд кард. Ин гуна арзу дод ба гӯши кӣ медарояд, охир, душман ба остонаи Москва расидааст...
Нахустин зимистони давраи ҷанг ҳам омад. Зимистони бармаҳале ки шомгоҳонаш низ бармаҳал фаро мерасиданду ҳавои нимторики туманолуди сардаш то ба мағз-мағзи устухон кор мекард. Дар арафаи он рӯз барф борид. Барф шабона кӯрпа шуд. Аввал барфи резаи хушк омад, сониян барфи калони лаклакӣ бо ҳавсалаи том рехтан гирифт. Ба сари теппаву сойҳо, ҳамвориҳо кӯрпаи нарми сап-сафед афтод ва ҷилои софи осмонии он сукунати пуршаҳомати биёбони бекарони Сари Озекро шукӯҳи тозае бахшид. Ва дарҳол боди сарсарии дашт ба ҷунбиш даромад ва қабати ҳанӯз ковоки барфро бозикунон ба ҳаракат овард. Вай ҳанӯз боди нахустин буд, ки гӯё барои озмоиш омадааст. Шамолҳои тунд баъдтар меоянд ва гирдбоду бӯронҳои шадидро аз паи худ хоҳанд овард. Ва он гоҳ бар сари хати маҳини роҳи оҳан, ки аз канор то канори Миёнадаштҳои маллатобро чун раги нозуке аз бари рухсор гузаштааст, чӣ ҳоле хоҳад даррасид? Вале ҳозир он раги маҳин дар ҳаракат буд ва қаторҳо гоҳ ба инӯ, гаҳе ба он сӯ ҳаракат мекарданд.
Ҳамон пагоҳӣ Қазонкоп ба фронт мерафт. Танҳо худ мерафт, бидуни маросими гуселу гуселкунандагон. Онҳо аз хона баромаданду Букӣ дарҳол аз роҳгардӣ бозмонд ва гуфт, ки сараш аз барф чарх мезанад. Қазонкоп кӯдаки парпечро аз дасти ӯ бигирифт. То он вақт Ойзода ба дунё омада буд. Ва онҳо ба роҳашон идома доданд ва, эҳтимол, бори охирин нақши пои онон ба рӯи барф паҳлӯи ҳамдигар меафтод. Аммо зан ба гусели Қазонкоп набаромада буд, баръакс шавҳар мехост, занашро бори охир то будакаи посбонӣ гусел намояду пас ба қатори боркаш савор шуда, то ба Кумбел биравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё