Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Акнун Букей ба ҷои шавҳараш монда, вазифаи роҳкушоро адо мекард. Дар назди будка онҳо хайрбод гуфтанд. Ҳар чизе ки гуфтан лозим буд, ҳанӯз шабона гуфта буданд. Оби дидаҳо низ ҳамон ҷо рехта буд. Паровоз муҳайёи сафар менӯстод. Мошинист шитоб карда, ҳардам Қазонқопро назди худ мехонд. Баробари пеши мошинист баромадани Қазонқоп паровоз дурудароз бук заду ба роҳ даромад ва суръати гаштро торафт тезонида ва пайвандҳои рельсҳоро бо чархҳои худ тақаррос занонида, аз паҳлӯи будка бигзашт, ки он ҷо Букей барои онҳо роҳ кушода меистод. Сарашро бо рӯймол, миёнашро бо тасма баста, мӯзаи шавҳараш дар по ва дар як даст байрақчаҳо дар дасти дигар кӯдак рост меистод. Бори охирин ба сӯи якдигар даст афшониданд... Чеҳраи зан, нигоҳаш, дастони ӯ ва пайкари семафор лаҳзае падидор шуду аз назар ғоиб гашт...
Поезд акнун башаст медавид ва дар барфистони ширранги Сари Озек, ки мисли манзараҳои хоби сафед аз ду тараф дартоз мегузаштанд, ғулғула меафканд. Бод ба даруни паровоз зада медаромад ва ба бӯи ҳамешагии ангишти сӯхта бӯи барфи тозаи даштро меомехт... Қазонқоп мекушид, ки ҳавои хуши даштҳои Сари Озекро ҳар чи дертар дар синаи худ боздорад ва баногоҳ дарк намуд, ки ин сарзамин ба дилу дидаи ӯ дигар қарин гаштааст...
Дар Қумбел ба фронт фиристодани сафарбаршудагон давом мекард. Ҳамаро саф кашонида, ҳозир-ғоиб мекарданд ва ба вагонҳо тақсим менамуданд. Ҳамон воқеаи аҷоиб ана дар ҳамин ҷо рӯй дод. Қазонқоп бо гурӯҳи худ ба сӯи вагон мерафт, ки яке аз ходимони военкомат ӯро фарёд намуд:
— Асанбоев Қазонқоп! Кадоме аз шумо Асанбоев? Аз саф баро! Аз паси ман биё!
Қазонқоп ба фармон итоат кард.
— Ман Асанбоев! — гуфт ӯ.
— Ҳуҷҷатро барор!.. Дуруст. Худи худаш. Акнун аз паси ман биё!
Онҳо ба бинои истгоҳ даромаданд, ки пункти аскарҷамъкунӣ дар ҳамон ҷо воқеъ гашта буд. Ва он шахс ба Қазонқоп гуфт:
— Гап ин тавр, Асанбоев. Ту ба хонаат бармегардӣ. Бирав. Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам, — гуфт Қазонқоп ва ҳол он ки чизе нафаҳмида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё