Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Набошад, бидав. Ту озод.

Қазонқоп дар миёни издиҳоми серғавғои гуселкунандагон ва равандагон ҳайрону харосон монд. Вай аввал аз ин хел ранг гирифтани кор хурсанд шуд, баъдтар дар дилаш, дар қаъри шуураш гумони баде пайдо шуду пайқараш банохост аланга гирифт. Ҳа, ҳоло кор ин тавр, гӯед! Вай аз миёни анбӯҳи одамон ба сӯи дари сардори пункти аскарҷамъкунӣ ба худ роҳ кушодан гирифт.

— Ба куҷо, ту ба куҷо рафтани? — фарёд заданд онҳое ки низ мехостанд ба назди сардор дароянд.

— Кори таъҷилӣ! Эшелон ҳозир меравад, кори таъҷилӣ! — дод мегуфт Қазонқоп ва ниҳоят аз дар дохил шуд.

Дар хонае ки аз дуди тамоку ҳавояш каб-кабуд гашта буд, дар сари миз, миёни телефонҳо, даста-даста коғаз ва як тӯда одамон марди мӯи сараш мошубиринчи овозаш гирифтае менишаст. Наздик омадани Қазонқопро пай бурда, рӯи аз ғазаб качу килеб шудаашро ба ӯ гардонид.

— Чӣ лозим, бо кадом масъала?

— Ман норозӣ.

— Аз чӣ норозӣ?

— Падари ман ҳамчун тӯъмаи ифроткорӣ сафед шуда буд. Вай кулак набуд! Коғазҳотонро як тафтиш карда бинед! Вай ҳамчун миёнахол сафед шуда буд.

— Ҳой, сабр кун андак. Ту аввал мақсадата бигӯ!

— Агар бо ҳамин сабаб ба аскарӣ нагирифта бошед, ин коратон ноҳақ, мегӯям!

— Э ту сафсатая бас кун. Кулак, миёнахол... Ин гапҳо ҳозир чӣ аҳамият дорад? Худат аз куҷо пайдо шудӣ? Ту кистӣ?

— Асанбоев ман, аз дуроҳаи Бӯронӣ.

Сардор рӯйхатҳоро аз назар гузаронид.

— Барвақттар ҳамту мегуфтӣ намешуд? Сарама гич кардӣ! Миёнахол, камбағал, кулак! Ба ту бронь баромадааст. Саҳван фарёд кардаанд. Фармони худи рафиқ Сталин баромадааст: коргарони роҳи оҳан дар ҷойҳои худ мемонанд. Бирав, халал нарасон, ба дуроҳат бираву бо қорат машғул бош...

Ҳангоми ғуруби офтоб онҳо дар роҳ, дар наздикиҳои дуроҳаи Бӯронӣ буданд. Акнун ба хатти роҳи оҳан боз

пешина
аз 293
навбатӣ