Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ва ҳамвор қадам партофта, башаст роҳ мепаймуд ва ба набзу мароми ҳаракат торафт бештар одат менамуд. Дар назари касе ки ҳусни уштуронро дарк карда метавонад, Қаранор махсусан ҳангоми гашт зебо менамуд. Сари хуштарҳ ва хами гардани бошукӯҳаш ба назар дар рӯи мавҷҳо шино мекард, аммо дар воқеъ заррае намеҷунбид, қадаре такон намехӯрд, поҳои дароз-дарози оҳанинпаяш бошанд, гӯё ҳавои рӯи заминро бесадо қайчӣ мезаданду фарсах-фарсах масофаро қадам ба қадам ба дами худ мекашиданд. Едигей дар миёни ду кӯҳон устувор бо ҳаловат ва дили пур менишаст. Вай аз он розӣ ва хушнуд буд, ки Қаранорро чиҳу чу гуфтан лозим нест, шитоб кунонидан ҳочат нест. Чонвар ишораҳои соҳибашро худ ба зудӣ ва осонӣ ҳис карда, чобукона роҳ мерафт. Ордену медальҳон сари синаи Едигей паст-паст чирингос мезаданд ва дар шуои офтоб ҷило медоданд. Аммо ин ҳол ба ӯ халал намемерасонид.
Аз дунболи ӯ трактори аробачадори «Беларусь» меомад. Дар кабинаи он дар паҳлуи Холбеки тракторчӣ Собитҷон менишаст. Шаби гузашта вай хеле шароб нӯшид ва сари бӯрониҳоро бо нақлу ривоятҳо дар бораи одамони ба воситаи радио идорашаванда ва дигар сафсатаҳои рангоранг гич кард. Ҳоло бошад, афсурдахотир ва хомӯш буд. Сараш алвонҷ мехӯрд ва Едигей дар дилаш гуфт, ки коре шаваду айнакаш нашиканад. Дар болои аробача дар паҳлуи ҷасади Қазонқоп шавҳари Ойзода ғамгину малул менишаст. Вай гоҳ-гоҳ бо чашмони нимпӯш ба атроф назар меафканду бас. Ин майзадаи бадбахт ин дафъа якта кори дуруст кард. Ба даҳанаш як қатра шароб нагирифт. Мекӯшид, ки дар ҳама кор ёрмандиаш расад, дар ҳар маврид ва хусусан даме ки ҷасади худораҳматиро мебароварданд, аз таҳти дил ҳаракат мекард, ки бори вазнинтарро ба дӯши худ бардорад. Едигей ба вай таклиф намуд, ки дар паси ӯ ба уштур савор шавад. Розӣ нашуд. «Не, — гуфт вай, — ман дар паҳлӯи хусурам мешинам, аз аввал то охир аз вай дур намешавам». Ин гапи вай ҳам ба Едигей маъқул омад, ҳам ба дигар бӯрониҳо. Ва даме ки онҳо ба роҳ медаромаданд, вай дар ҳолате ки ҷасади намадпечи пирамардро бо дастонаш дошта, дар рӯи аробача менишаст, аз ҳама баландтар ва пурсӯзтар гирья мекард. Инро дида, дар дили Едигей умеде равшан шуд: «Рафту ақлаш дарояду шаробнӯширо бас

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё