Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

карда, одам шавад, а?— фикр мекард ӯ.— Аҳволи Ойзода ва бачаҳояш чӣ хел нағз мешуд...».

Силсилаи хузнангези ҷанозабаронро дар дашти ҳилват уштурсаворе сарварӣ мекарду экскаватори чорчархаи «Беларусь» анҷом медод. Ба кабинаи вай Одилбой ва Ҷумъагалӣ савор шуда буданд. Ҷумъагалӣ, марди зангивори сип-сиёҳ, ронанда буд ва одатан дар Бӯронӣ бо ин мошин ҳар гуна корҳои таъмири роҳи оҳанро ӯ бар ҷо меовард. Ба дуроҳаи Бӯронӣ вай ба қарибӣ ба кор омад ва ҳанӯз гуфтан душвор буд, ки муқими ин ҷо хоҳад шуд ё не. Одилбой дароз дар паҳлӯяш менишаст ва як сару гардан баландтар будани қомати ӯ дар ҳамон ҷо ҳам аён буд. Ҳар дуи онон тамоми роҳ дар кадом хусусе бо ҳарорат мунозира мекарданд.

Лекин гуфтан лозим, сардори дуроҳа Усмон кори бисёр савоб кард. Ҳамаи техникаеро, ки дар ихтиёраш дошт, ба маросими дафн фиристод. Ҳа, ҷавон бошад ҳам, кори оқилона кард сардори дуроҳа. Агар ба ин қадар роҳи дур рафта, қабрро ҳам бо бел кованд, ба гумон аст, ки то бегоҳ ба хона баргашта тавонанд, чунки ҳам қабр кофтан зарур мешавад, ҳам аз рӯи одати мусулмонон — лаҳад.

Едигей Бӯронӣ даставвал аз таклифи сардори дуроҳа ҳайрон шуд. Вай ҳатто ба гӯшаи хаёл оварда наметавонист, ки барои касе дастӣ нею бо ёрии экскаватор қабр меканда бошанд. Ҳангоми ин сӯҳбат вай дар назди Усмон абрӯ чин карда, хомӯш менишаст ва намедонист, ки чӣ бигӯяд. Аммо Усмон тадбире ёфту мӯйсафедро розӣ кунонид.

— Як фикр карда бинед, Едике,— мегуфт ӯ.— Барои он ки дилатон ҳичил нашавад, аввал заминро дастӣ ковед. Ана, мисол гирем, як қади бел хок гиред. Сонӣ экскаваторро ба кор андозед. Худатон медонед, замини Сари Озек бисёр хушк, сангвори сахт. Экскаваторкатӣ чуқурро меқовенеду сонӣ боз дастӣ паҳлуҳоша ҳамвор мекунед. Ҳам вақт сарфа мешавад, ҳам урфу одат риоя...

Ҳоло Едигей дар тааҷҷуб буд, ки дурустии маслиҳати Усмонро чаро даррав нафаҳмид? Чаро ҳамин фикри оддӣ ва маъқул аввал ба сари худаш наомад? Ҳа, худо хоҳад, ба Она-Байт бирасанд, маҳз ана ҳамин тавр мекунанд. Ягон ҷои созро интихоб мекунанд, то ки шодравон сар ба ҷониби қибла ҷой гирад. Аввал як миқдор хокро белқатӣ мекананд. (Ба аробачаи трактор

пешина
аз 293
навбатӣ