Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бикушӣ, ки аз ҷой намеҷунбанд. Онҳо ҳам ҷонваранд, охир, сармо аз магзи устухонашон гузаштааст, дигар ба азоби ин қиёмат тобе надоранд. Барфи ду самти роҳ ба сина мезанад. Қазонқоп уштуронро аз лабашон дошта мекашид, то аз дунболаш бираванд. Едигей аз болои чигинаи пурбарф истода, ба пушту паҳлӯи онон қамчин мезад. То нимишаб ба ҳамин минвол роҳ тоза мекарданд. Баъд уштурҳо ба рӯи барф афтоданду дигар на ба фарёд бархостанд, на ба шатта. Чӣ илоҷ? Корро қатъ кардан лозим меояд, то пасанда шудани бӯрон дигар чорае нест. Ҳар дуяшон дар пеши паровоз аз шамол паноҳ шуда меистоданд.

— Бас, Қазаке, биё, ба паровоз баромада камтар дам гирем. Ҳаво андак кушода шавад, боз мефароем,— гуфт Едигей дастпӯшакҳои яхбастаашро ба ҳам зада.

— Ҳаво чӣ хеле ки ҳаст, ҳамон хел мемонад. Вазифаи ману ту барфро тоза кардан. Биё, бела ба даст бигир, мо ҳақ надорем ба бекор истодан.

— Чӣ, мо одам нестем?

— Ту ноодам нагуфтаам. Ноодам гургу шагол аст, ки ба лонааш пинҳон шудааст.

— Ҳа, мурдор! — сахт хашмгин шуд Едигей.— Одам харом мурад, ки ту парво надорӣ! Худат ҳам ин ҷо харом мемурӣ! — гуфт ва як мушт ба ҷоғаш фаровард.

Занозании сахте шуд, лабу даҳони ҳамдигарро зада абгор карданд. Хайрият, ки алавмони паровоз сари вақт поён фаромада, онҳоро аз ҳам ҷудо кард.

Ана ҳамин хел инсон буд Қазонқоп. Акнун ин гуна одамон нестанд. Ҳа, Қазонқопҳо дигар тамом шудаанд. Мана охиринашро ба қабристон мебаранд. Мебаранду ба таки хок мемонанду дар сари қабраш фотиҳа мехонанд: омин, оллоҳу акбар!

Едигей Бӯронӣ дар ин ҷо ба такрор хондани оятҳои қариб фаромӯш кардааш даромад. Мехост, ки тартиби муқаррарии калимаҳоро бисанҷад, силсилаи калимоти оятро дар хотири худ аз нав барқарор намояд, чунки он калимот ба унвони Худованд гуфта шудааст, ба унвони ҳамон ягона зоти ҳамеша ҳозиру ҳамеша ноаён, ки фақат худ метавонад ихтилофи оғозу анҷом, ҳаёту мамотро дар шуури бани башар созиш бидиҳад. Оятҳо низ, яқин, ба ҳамин мақсад ба арсаи вуҷуд омадаанд. Охир фарёди ту ба гӯши Худованд намемерасад-ку. Охир наметавонӣ аз ӯ бипурсӣ, ки чаро оламро чунон сохтаӣ, ки одамон таваллуд меёбанду ҳатман мемиранд?

пешина
аз 293
навбатӣ