Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва, рости гап, коргарони асосию доимии дуроҳа ҳисоб меёфтанд. Дигарон бошанд, имрӯз меомаданду фардо мерафтанд. Қазонқопу Едигей барои дамгирӣ фурсат намеёфтанд, чунки ҳар коре ки пеш омад, хоҳу нохоҳ кардан лозим буд. Ҳоло он рӯзҳоро ёдовар шавӣ, худат ба ҳиҷолат мемонӣ, чунки ҷавонҳо масхара мекунанд: пирони аҳмак, умри худашонро худашон хазон карданд, мегӯянд. Хӯш, ба хотири чӣ? Аз барои чӣ? Ҳа, рост, ба хотири чӣ?

Боре роҳи оҳанро барф зер кард. Ду шабонарӯз нафас рост накарда, роҳро тоза мекарданд. Шабона паровозеро наздиктар оварониданд, то ки бо чароғҳояш он ҷоро равшан кунад. Барф ҳамчунон меборид ва бод онро чарх занонида ва печонида ба ҳар сӯ мезад. То барфи як тарафро тоза мекунӣ, дар тарафи дигар тӯдаи нав пайдо шудааст. Шиддати сармо ба андозае баланд, ки ба замин туф кунӣ ях меафтад. Як дам бехабар монӣ, дасту рӯятро сармо гирифта, варам мекунонад. Панҷ-шаш дақиқа бар болои паровоз баромада гарм мешавӣ ва боз ба кори тоқатфарсои ин дашти зормондаи Сари Озек бояд баргардӣ. Худи паровоз ҳам то чархҳояш ба тақи барф гӯр шудааст. Се нафар коргарони навомада рӯзи дуввум рафтанд. Пеш аз рафтан зисту зиндагонии дашти Сари Озекро аз дашному ҳакорати обдор саршор карданд. Мо маҳбус нестем-ку, ҳатто дар зиндон бандиҳоро аз хоб маҳрум намекунанд.

Субҳи дигар, вақте ки роҳ кушода шуду қаторҳо боз ба ҳаракат даромаданд, он се нафар аз дур истода, ба ҷои хайрбод фарёд кашиданд:
— Ҳой гочҳо, аз ин рӯзатон муред, беҳтар!

Ана ҳамон рӯз Едигею Қазонқон бо ҳамдигар дастбагиребон шуда буданд. Не, на аз он сабаб, ки он шербачаҳо онҳоро таҳқир карданд. На аз он сабаб.

Шабона Едигей чунон хаста шуд, ки дигар маҷоли
ҷунбидан надошт. Барфи резаи хушк меборид, тундбоди сард ба ҳар ҷо ки расид, гӯё саги девона барин як
порча гӯшти баданро канда мегирифт. Аз ҳамлаҳои бод
паноҳе набуд. Паровоз дам ба дам бухор сар медод
ва атрофро туман пахш менамуд. Чароғаш ҳам барфтӯдахоро базӯр-базӯр равшан мекард. Пас аз рафтани
он се шербача Қазонқапу Едигей ба ду уштур чиғинаро баста, ба барфкашонӣ даромаданд. Аммо дере нагузашта, уштурон низ аз кор монданд. Сад тозиёна зенӣ,

пешина
аз 293
навбатӣ