Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мавзӯи 4. НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

инобат гирифта мешавад: нуқтаи назари муҳити атроф; нуқтаи назари бозор; нуқтаи назари лоиҳа ва нуқтаи назари имкониятҳо. Онҳо ба сифати воситаи ноил шудан ба мақсадҳо, муайян намудани ҷузъҳои қатъӣ ва санҷиши дақиқи амалиёт истифода мегарданд.

• Қувваҳои ҳаракаткунанда одатан ҳамчун асос ба шумор мераванд, ки ҳайати кормандон бояд ба он диққати махсус диҳанд. Татбиқи натиҷаҳо ба қувваҳои ҳаракаткунанда вобастаанд, онҳо чӣ гунаанд? Нигоҳ ва вазифаҳои ширкати Шумо аз чӣ иборат аст?

• Мавқеи олӣ. Тавсифи мавқеи олӣ аз шароити зарурӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ; муайян намудани таҳмони бозор; мавҷудияти дараҷаи тахассус ва дониш барои пешбурди бизнес иборат аст.

Моделҳои менеҷменти стратегӣ

Моделҳои менеҷменти стратегӣ раванди мураккаб ва бисёрҷонибаи умумии менеҷменти стратегӣ мебошанд.

Дар рафти рушди назарияи стратегия тадқиқотчиёни зиёд нуқтаҳои назари гуногун доир ба таҳияи моделҳои менеҷменти стратегиро пешниҳод намуданд.

А. Томпсон ва Ч. Стрикленд панҷ вазифаи ба ҳам алоқамандро, ки асоси ташкил ва татбиқи стратегияи ширкатро ташкил медиҳад, пешниҳод менамоянд. Инҳо муайян намудани соҳаи фаъолият ва ташаккули таъйиноти стратегӣ; мақсад ва вазифагузории стратегӣ барои ноил шудан ба онҳо; ташкили стратегия мебошанд.

И. Ансофф қабули қарорҳои зеринро, ки дар рафти ташкили стратегия ба амал меоянд, пешниҳод менамояд: баҳодиҳии дохилӣ ба ширкат; баҳодиҳии имкониятҳои беруна; муайян намудани мақсадҳо ва интихоби вазифаҳо; қабули қарор доир ба диверсификатсия, интихоби стратегияи диверсификатсия; интихоби стратегияи рақобатнокӣ; таҳияи қисмати стратегияи диверсификатсия ва стратегияи рақобатнокӣ дар шакли лоиҳаҳои алоҳида.

М. Мескон чунин меҳисобад, ки раванди идоракунии стратегӣ аз нуҳ давра иборат аст: интихоби миссияи ширкат; таҳияи мақсадҳои ширкат; таҳлили муҳити беруна; тадқиқоти идоракунандаи тарафҳои пурзӯр ва заифи дохилӣ; таҳлили алтернативаҳои стратегӣ; интихоби стратегия; татбиқи стратегия; идоракунӣ ва банақшагирӣ, татбиқ ва назорати нақшаи стратегӣ; баҳодиҳии стратегӣ.

Модели менеҷменти стратегӣ дар расми 4.2 оварда шудааст, ки ҷамъбасти нуқтаҳои назари маълум ба шумор рафта, дар амал самаранокиро

пешина
аз 469
навбатӣ