Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

исбот месозад. Модел возеҳ нишон медиҳад, ки менеҷменти стратегӣ раванди сарбастаи идоракунии бо алоқаи мутақобилаи аҳамиятнок мебо-шад. Модел инчунин исбот менамояд, ки идоракунии стратегӣ фаъолияти даврии касбӣ буда, сохтори махсуси мураккаб ва якчанд самтҳои дохилии махсусгардонидашуда дорад.

Ба пуррагӣ модел 8 давраи асосии менеҷменти стратегиро инъи-кос менамояд. Ин давраҳо тартиби амалиёти зерини давраи стратегии ҳаматарафаи сарбастаро нишон медиҳанд:

  1. Гузаронидани ташхиси муҳити берунаи ташкилот, инчунин ташхиси муҳити дохилии он (таҳлили низомии имкониятҳои захиравии ташкилот);

  2. Таҳлили стратегии низоми ҳолати аниқ дар ташкилоти мушаххас;

  3. Муқаррар намудани миссияи ташкилот, мақсадҳои стратегӣ ва низоми бартариҳои мақсадноки стратегӣ;

  4. Коркарди стратегияҳои зернизоми асосии ташкилот (бизнес, қисматҳои сохторӣ, зернизоми функционалӣ ва ғайра);

  5. Барқарор намудани низоми пурраи бартариҳои стратегӣ (мақсаднок, доир ба захираҳои моддии асосӣ, муваққатӣ, молиявӣ ва ғайра);

Миссия
Мақсадҳо,
афзалиятҳои
мақсаднок
Алоқаи мутақобила

Ташхиси муҳити
дохилӣ (захираҳо)
Таҳлили
стратегӣ
Таҳлили муҳити
беруна

Консепсияи стратегияи умумӣ (корпоративӣ)
Афзалиятҳои
стратегӣ
Стратегияҳои
тиҷорати алоҳида
Стратегияи
зерсохторҳои асосии
ташкилот
Маҳдудиятҳо
Марҳилаҳо
Стратегияи шаклҳои
махсусгардонидашуда

Барномаи стратегияи
амалиёт
Татбиқи стратегия
Алоқаи
мутақобила
Назорати стратегия

Расми 4.4. Модели менеҷменти стратегия.

пешина
аз 469
навбатӣ