Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Раванди тафаккури стратегии ташкилот дар асоси панҷ меъёри гуногун, ки натиҷаи тасаввуротро возеҳ тасвир менамояд, роҳандозӣ мешавад. Номгӯи меъёрҳои асосӣ инҳоанд: ташкилӣ, мушоҳидавӣ, нуқтаи назар, қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва мавқеи олӣ, ки натиҷаҳои тасаввуротро пурра инъикос намуда, миқдори давраҳои заруриро барои татбиқи назари тиҷоратӣ муайян мекунанд.

  2. Вобаста ба пешниҳоди классикӣ модели менеҷменти стратегӣ зинаҳои зеринро доро мебошад: таҳлили стратегӣ - ташхиси муҳити берунаи ташкилот, инчунин ташхиси муҳити дохилӣ ва берунаи бизнес, муқаррар намудани миссия ва мақсадҳои стратегӣ, таҳлили алтернативаҳои стратегӣ ва интихоби стратегия вобаста ба муқаррароти мақсадноки ширкат, татбиқи стратегияи умумӣ аз рӯи муқаррароти низоми стратегӣ; таҳияи нақшаи стратегӣ мутобиқи барномаҳо, лоиҳаҳо, буҷа ва чорабиниҳои ташкилию технологӣ, баҳодиҳии муносиб вобаста ба сохтори стратегияи идоракунии ташкилот ва маданияти ташкилӣ, инчунин назорати стратегӣ.

  3. Самаранокии менеҷмент, пеш аз ҳама, дар асосноккунонии ҳалли муаммоҳои услубӣ муайян карда мешавад. Бе назарияи хуб таҷриба сохтан аз имкон берун аст. Таҳлили назария ва таҷрибаи идоракунии иқтисодии объектҳои гуногун имконияти муқаррар намудани зарурати истифодаи нуқтаҳои назари илмии зеринро ба менеҷменти стратегӣ пеш меорад: низомӣ, маҷмӯӣ, ҳамгироӣ, маркетингӣ, функсионалӣ, динамикӣ, такрористеҳсолӣ, равандӣ, меъёрӣ, миқдорӣ, маъмурӣ, рафторӣ, вазъиятӣ.

  4. Дар низоми менеҷменти стратегӣ нуқтаҳои назаре, ки мақсади ягона ба самти истифодаи мантиқ, принсип ва усулҳои идоракунии стратегӣ доранд ва дар рафти таҳияи пешгӯиҳо, лоиҳаҳо, нақшаву барномаҳои гуногунсатҳа аз фарзияҳои муайян сарчашма мегиранд, аҳамияти калон доранд. Фарзияҳои асосӣ инҳоанд: тасодуфӣ, оид ба вобастагӣ аз муҳити беруна; мутаносибӣ, стратегия, қобилият ва фаъолият; бисёрҷузъӣ; баробаркунӣ.

4.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Менеҷменти стратегияи ташкилот аз кадом зернизҳо иборат аст?
  2. Ҷузъҳои асосии низоми менеҷменти стратегиро номбар намоед.
  3. Менеҷменти стратегӣ дар асоси кадом принсипҳо сохта мешавад?
  4. Сохтори низоми менеҷменти стратегӣ аз сохтори низоми менеҷмент бо чӣ фарқ мекунад?
  5. Тафаккури стратегӣ чиро ифода мекунад? Пешниҳодҳои олимон Г.Минтсберг ва К.Омае аз якдигар бо чӣ фарқ мекунанд?
пешина
аз 469
навбатӣ