Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муайян мекунанд. Дар нимаи дуюми асри ХХ ин фарзия аҳамияти калон пайдо намуд.

Фарзияи таносуб (иқтибос аз кибернетика) Барои ноил шудан ба муваффақиятҳо шиддати стратегияи ширкат бояд ба сатҳи такондиҳандаи муҳит мувофиқат намояд.

Фарзия оид ба стратегия, қобилият ва фаъолият. Фаъолияти ширкат беҳтарин буда, рафтори стратегӣ ба сатҳи такондиҳандаи муҳит мувофиқат мекунад, қобилияти корӣ бошад, ба рафтори стратегӣ муносиб аст.

Фарзия оид ба бисёрҷузъӣ, он мавқеъро, ки яке аз қисматҳои идоракунӣ, хоҳ менеҷерони асосӣ, хоҳ қисматҳои сохторӣ, маданӣ ва низомиро, ки барои ноил шудан ба мақсад асосӣ маҳсуб мегарданд, инкор месозад. Муваффақияти ширкат - натиҷаи таъсири мутақобила ва пурракунандаи якчанд ҷузъҳои асосӣ (агарчӣ дар шароитҳои гуногун як ва ё якчанд қисматҳо афзалият дошта метавонанд) аст.

Фарзия оид ба баробаркунӣ. Барои ҳар як сатҳи такондиҳандаи муҳит ҷузъҳои мураккабро ҷудо кардан мумкин аст, ки муваффақияти ширкатро беҳтар мекунанд. Бо як нигоҳ фаҳмидан мумкин аст, ки шумораи ками ширкатҳо худро муносиб идора карда метавонанд.

4.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Менеҷменти стратегияи ташкилот ҳамчун низом аз се ҷузъ: стратегия, сохтори идоракунии ташкилӣ ва маданияти ташкилӣ иборат аст.

  2. Идоракунии стратегӣ ба принсипҳои зерин асоснок карда мешавад: илмият вобаста ба ҷузъҳои маҳорат, мақсаднокӣ, ҷандирӣ, ягонагии нақшаву барномаҳои стратегӣ ва ташкили шароитҳои зарурӣ барои татбиқи стратегия. Бинобар ин ҷустуҷӯи доимии шакл ва намудҳои нави фаъолият барои баланд бардоштани рақобатпазирии ташкилот ва таъмини муносибатҳои байни зернизъмҳои идоракунанда ва идорашавандаи ташкилот ва ҷузъҳои он зарур аст.

  3. Сохтори низоми менеҷменти стратегӣ аз сохтори низоми менеҷмент танҳо бо таркиби якчанд қисматҳо ва муҳлатҳое, ки мавқеи зернизомҳои мақсаднокро баланд мебардоранд, фарқ мекунанд.

  4. Тафаккури стратегӣ раванди бевоситае мебошад, ки татбиқи аслии пешбурди тиҷоратӣ, рушди қобилияти корбарии гурӯҳӣ ва тафаккури қатъиро меомӯзад. Мутобиқ ба ақидаи Ҳенри Минтсберг, тафаккури стратегӣ хислати фарқкунандаи менеҷер буда, барои «кушодани стратегияҳои наве, ки қобилияти бардошти қоидаҳои бозии рақобатнокӣ ва пешбинии ояндаи имконпазир ва аз замони ҳозира ба таври ҷиддӣ фарқкунанда» равона шудааст. Ба ақидаи Кеничи Омае бошад, ин қобилияти эҷодӣ ва фаъоли андешарониест, ки ба тавлиди ақида ва мақсадҳои раванди инкишоф нигаронида шудааст.

пешина
аз 469
навбатӣ