Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ
ЛАҲЗАҲО АЗ ҲАЁТИ СТИВ ҶОБС
Стив Ҷобсро ҳамчун беҳтарин идоракунандаи дунё медонанд. Дар поён тезисҳо дар бораи дарси ҳаёти Ҷобс оварда мешаванд.
-
Навовариҳои устувортарин дар нуқтаи пайвастшавӣ алоқамандии санъат ва илмро ба вуҷуд меоранд. Ҷобс пайваста таъкид мекард, ки фарқияти асосии маҳсулоти Apple аз дигар компютерҳо дар он аст, ки Apple ҳамеша кӯшиш мекунад, ки санъатро бо илм пайванд кунад. Маҳз барои ҳамин iPad аз дигар планшетҳо фарқ мекунад.
-
Бо ёрии фокус-гурӯҳҳо ояндаро сохта намешавад. Муштариёни имрӯза дар бештари мавридҳо намедонанд, ки худ чӣ мехоҳанд. Махсусан, бозор бо навовариҳо шинос набуданд. Сараввал iPad барои мардум ҳайратовар буд, вале вақте ки планшетро ба даст гирифтанд, аз он дар ҳайрат буданд, ки то ин вақт чӣ тавр бе он зиндагӣ доштанд.
-
Ҳеҷ гоҳ аз шикаст хӯрдан наҳаросед. Соли 1985 Ҷобс дар Apple бекор монд.
Вале ӯ рӯҳафтода нашуда, пеш бурдани самти фаъолияти худро идома дод ва соли 1996 ба ширкат баргашт. -
«Шумо ба пеш нигоҳ карда, нуқтаҳоро пайваст карда наметавонед, танҳо ба қафо нигоҳ карда, онҳоро пайваст кардан мумкин аст». Ин суханҳоро Ҷобс соли 2005 дар назди донишҷӯёни Слэнфорд изҳор намудааст. Мақсад ин аст, ки ҳаётро пешакӣ ба нақша гирифта намешавад. Ҳаёт ин чизи пешгӯинашаванда аст:
мушкилоту ноҷӯриҳои имрӯза метавонанд қисме аз муваффақияти оянда бошанд. -
Ба садои дохилии худ аҳамият диҳед. Аксарияти мо садои дохилии хешро гум кардем, вақте ки бо исрори волидайн ва ё ба сабаби он ки касбҳои духтур ва ё молиячӣ сердаромад аст, онро интихоб намудем. Барои он ки садоятон аз болои шумо сухан нагӯяд, бояд худатон боақл бошед, то ки ба ӯ гӯш дода тавонед.
-
Ба худ ва дигарон серталаб бошед. Ҷобс аз худ ва аз нафароне, ки дар иҳоташ буданд, хеле зиёд талаб мекард. То корманд ҷонфидо набусад, Ҷобс ӯро дар назди худ дидан намехоҳаст.
-
Барои ҳақ будан накӯшед. Барои муваффақ шудан бикӯшед. Агар шумо барои ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтарин аз иқтибоси ғояҳои дигарон истифода намоед, ҳеҷ боке нест. Дар диди шахсии инкишоф раҳгум назанед. Агар Ҷобс солҳои 1980 дар болои лоиҳаи Lisa кор намекард, он гоҳ шояд компютерҳои Мак ба вуҷуд намеомад.
-
Дар атрофи худ нобиғаҳоро ҷамъ оваред. Баъзеҳо саҳван байни Apple ва Ҷобс нишони баробарӣ мемонанд. Вале дар комёбии бештари онҳо хизмати он нобиғаҳое, ки дар атрофи Ҷобс ҷамъ омада буданд, мисли Фил Шиллер, Ҷонни Ив, Питер Оппенгеймер, Тим Кук, Рон Чонсон хеле калон аст. Ҳамчунин бо истеъфои Ҷобс нархи саҳмияҳои Apple то ҳанӯз гарон буда, ин шаҳодати боқувватии тим аст.
-
Гурусна ва беақл бимонед. Ҷобс бо ин суханҳо баромади Стэнфордии худро хотима дод: «Дар вақти ҷавонии ман маҷаллае буд бо номи аҷиби «Феҳристи тамоми чизҳои ҷаҳон» ва он барои ҳамсолонам муқаддас буд. Дар охири он чунин суханҳо дарҷ гардида буданд: Ин суханҳои хотимавии ӯ буданд. Ман ҳамеша барои худ ҳаминро мехостам. Акнун инро ба шумоён мехоҳам: «Гурусна ва беақл бимонед».
-
Агар шумо бисёр кор кунед ва боҷуръату бодид бошед, ба ҳама чиз ноил мешавад. Ҷобс идоракунандаи бузург, падари компютерҳои муосир ва дар айни замон шавҳар, падар ва дӯсти одӣ аст, ки бо ин аз мо кам фарқ мекунад. Вақте солҳои 90-ум Ҷобс ба Apple баргашт, ширкат дар ҳоли муфлисистӣ қарор дошт, айни замон бошад, ин аз ҳама тиҷорати калонтарин дар дунёст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё