Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

1.1. МАФҲУМИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ:
ИСТИЛОҲОТ ВА МАФҲУМҲО

Мафҳуми «менеҷменти стратегӣ» ба илм солҳои 60-70 асри гузашта ворид гардидааст, ки он тафовути байни идоракунӣ дар сатҳи болоӣ ва идоракунии ҷорӣ дар сатҳи истеҳсолотро дар бар мегирад. Дар соли 1965 Игор Ансофф бар хилофи усулҳои мавҷудаи банақшагирии дарозмуҳлат модели банақшагирии стратегиро пешниҳод намуд. Дар ташкили менеҷменти стратегӣ дар қатори Ансофф Алфред Чандлер (Alfred Chandler, Jr.), Филип Селзник (Philip Selznick), Питер Друкер (Peter Drucker) ҳиссаи худро гузоштаанд, ки онҳоро чун пешоҳангони фанни нави ояндадор медонанд.

Аз ҳамон давра (аз нимаи дуюми асри XX) инҷониб, истилоҳи «менеҷменти стратегӣ» мавқеи худро дар илми идоракунӣ ишғол намуд.
Дар мафҳумҳои илмӣ ва амалӣ сифати «стратегӣ» (марбути стратегия), диди стратегӣ, тафаккури стратегӣ, нақшаи стратегӣ, интихоби стратегӣ, қарори стратегӣ, шарики стратегӣ, иттиҳоди стратегӣ, хавфи стратегӣ ва ғайраҳо маъмул гардидааст.

Дар Тоҷикистон пахта ҳамчун зироати «стратегӣ» қабул шудааст. Истилоҳи «стратегӣ» нақши калидии бахши пахтакориро ба мисли ҳавасмандии содиротӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ташаккули даромадҳоро дар амалинамоии ҳадафҳои миллӣ муайян мекунад.

Мафҳуми «стратегӣ» ин вориси низоми даврони шӯравӣ аст, ки дар ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ аҳамияти муҳим дорад. Ин ба он раванде монандӣ дорад, ки истифодаи истилоҳи «стратегӣ» мафҳумҳои заминавии иқтисодӣ, ба мисли даромаднокӣ, ҳосилнокӣ, самаранокиро танг намуд. Ин раванд метавонад ба сохторҳои маъмурии маҳаллӣ таъсири калон расонад, дар фаъолияти онҳо аҳамияти муҳим пайдо намояд. Агар фарз карда шавад, ки пахта аз мафҳуми ашёи стратегӣ будани худ дур монад, оё мақомоти маҳаллӣ аз нақшабандии он даст мекашида бошанд?

Ин ҷо истилоҳоти заминавии менеҷменти стратегиро шарҳ медиҳем:
Стратегия ин шуурнокии умумии амал аст, ки ҳадафи ташкилотро ба самти амали интихобшуда барои амалигардии мақсадҳо алоқаманд менамояд.

Стратег – роҳбарест, ки барои татбиқи стратегияи худ салоҳият ва захираҳои лозимаро доро мебошад.

Диди стратегӣ нигоҳи ояндадор ба самти рушди фаъолияти ташкилот, консепсияи заминавии он ки ташкилот ба вай ноил шудан мехоҳад, мебошад (ояндаи хуб танҳо дар шароити мусоид ба даст меояд). Дид ин воситаи хуби ҳавасмандгардонии кормандон ва дурнамои фаъолият буда, барои пешравии мунтазам замина мегузорад.

пешина
аз 469
навбатӣ