Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 5. КОНСЕПСИЯҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
5.1. КОНСЕПСИЯИ МУОСИРИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Консепсияи ибтидоии менеҷменти стратегӣ
Тарзи рафтор хусусияти ташкилӣ дошта, яке аз консепсияҳои аввалини идоракунии стратегӣ дар он ақида асос ёфтааст, ки хелҳои гуногуни рафтори хусусияти ташкилидошта, сохтори ташкилӣ ва идоракунии гуногунро талаб меноманд. Тамоми навъҳои тарзи рафтор аз ду навъи рафтори мутақобила - инкишофёбанда ва соҳибкорӣ замина мегиранд.
Тарзи рафтори инкишофёбанда бо роҳандозиаш аз омилҳои натиҷагирӣ фарқияти калон дорад ва ба самти то андозаи ҳадди ақали аз меъёр дур- гаштаи рафтори маъмулии ҳам дохили ташкилот ва ҳам муносибатҳо бо муҳити беруна равона гардидааст. Ташкилоти ба ин тарзи рафтор ва муомила алоқаманд мекушад, ки тағйироти ба амаломадаро бартараф ё маҳдуд ва то ҳадди ақал кам намояд.
Тарзи рафтори соҳибкорӣ бо саъю кӯшиш нисбати тағйирот, хавфҳои оянда ва имкониятҳои нав фарқ менамояд. Дар ин замина ҷустуҷӯи қарорҳои идоракунӣ, таҳияи алтернативаҳои зиёд амалӣ гардида, аз онҳо амалҳои афзалиятнок интихоб карда мешаванд.
Алоқамандӣ байни тарзҳои рафтор ва навъҳои идоракунӣ. Дар ин за- мина алоқамандии зич ба назар мерасад. Идоракунии стратегӣ муоми- лаи соҳибкориро талаб мекунад. Натиҷаи ниҳоии идоракунии стратегӣ захираҳои маҷмӯии мақсадҳои ниҳоии ташкилот ва сохтори дохилии онро дар бар мегирад, ки ҳассосиятро нисбати тағйироти муҳити беруна таъмин месозад.
Вазифаи роҳбари ба муаммоҳои стратегӣ сарукордошта аз он иборат аст, ки:
Заруратро ошкор намуда, тағйироти стратегиро амалӣ созад;
Ташкили потенциали барои тағйирот мусоидаткунанда;
Мутахассисони имконияти гузаронидани тағйироти стратегидош- таро интихоб ва тарбия намояд.
Идоракунии оперативӣ дар фарқият аз стратегӣ ба истифодаи мавқеи марбутаи ташкилот машғул буда, дар муомилай инкишофёбанда асос ёф- тааст. Роҳбаре, ки ба масъалаҳои оперативӣ машғул аст, бояд захираҳои мавҷударо ба сарчашмаи даромад табдил диҳад. Вазифаҳои роҳбари мазкур иборатанд аз:
Муайян намудани вазифаҳои умумии оперативӣ;
Ҳавасмандӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорат дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои ҷорӣ.
Дар нимаи аввали асри XX идоракунии стратегӣ ва оперативӣ истифо- да мешуд ва тарзҳои муомила барои ташкилот ҳамчун алтернативӣ баро- мад менамуд. Дар шароити имрӯза бошад, ду тарзи мавҷуда дар ҳамбастагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё