Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

бо идоракунӣ самаранок истифода бурда мешаванд. Тафовути идоракунии стратегӣ аз оперативӣ бо фарқиятҳо байни навъҳои муомилай ташкилӣ муайян карда мешавад.

Консепсияи муосири менеҷменти стратегӣ ва махсусиятҳои он

Таҳлили амалия ва таҷрибаи менеҷменти стратегӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки системи мазкур ба он тағйироте мувофиқ мегардад, ки ташкилот онҳоро аз сар мегузаронад. Дараҷаи инкишофи он дар шароити ноустувори муҳити беруна бо суръатнокӣ ва чандирӣ нисбати ин тағйирот бо мақсади ҳифзи ташкилот ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас арзёбӣ мегардад. Аз ҷониби дигар, ташкилот тағйироти мазкурро қабул намуда, бо мақсади рушд ва мавқеи назаррас пайдо намудан барои истифодаи онҳо кӯшиш менамояд. Омилҳои мазкур барои ташаккули махсусиятҳои идоракунии стратегӣ дар шароити муосир имконият медиҳанд:

• Ҳангоми муносибати пӯшида ташкилотро ҳамчун системи «пӯшида» баррасӣ намуда, мақсад ва вазифаҳои онро дар марҳилаи дарозмуддат устувор арзёбӣ менамояд. Дар шароити муосир бошад, ташкилотро ҳамчун системи «кушода» баррасӣ менамоянд. Дар ин ҳолат омилҳои заминагузори асосӣ ба дохили он вобаста набуда, балки дар худи ташкилот аст ва муваффақияти ташкилот аз муносибат ва алоқамандиҳо ба муҳити он вобастагӣ дорад. Аз ин ҷо шакли идоракунӣ ба самти демократизатсияи бузург равона мегардад. Механизмҳои ташкилӣ бештар барои ошкор намудани проблемаҳо, ташаккули қарорҳои нав ва назорати қарорҳои қабулгардида мусоиданд.

• Ташкилотро ҳамзамон метавон ҳамчун системи ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ муаррифӣ намуд. Омили нави рушд иҷтимоиёти ҳақиқии он ба ҳисоб меравад. Яъне, системи истеҳсолотро ба системи истеҳсолию иҷтимоиёт табдил дода, вазифаҳои роҳбарият, кормандони ташкилот ва соҳибмулкони он бо дарназардошти махсусиятҳои муайян нисбати қабули қарорҳои идоракунӣ ҳамчун омили асосӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, маданияти ташкилӣ, рафтори коргузорӣ ва корбарӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.

• Ташкилотро бештар ба маҷмӯи гуногуни мақсадҳои хоҷагидорӣ табдил медиҳанд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои ниҳоии муттаҳид карда шуда, стратегияро мустақилона муайян ва нисбати натиҷагирии фаъолияти худ масъулиятнок мебошанд. Идоракунии ташкилотҳои мазкур бо муносибатҳои кушодаи ҳам беруна ва ҳам дохилии корбарӣ асоснок мегарданд.

• Ҳангоми коркарди стратегия тағйироти куллии равони банақшагирӣ, ки барои банақшагирии дарозмуддат хосанд, ба инобат гирифта мешаванд.

• Банақшагирии стратегия бо тақвияти чандирии буданаш дар самти банақшагирии марҳилавӣ тавсиф карда мешавад. Дар ин вақт марҳилаи

пешина
аз 469
навбатӣ