Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 5. КОНСЕПСИЯҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

машҳур аст. Ин модел инъикоси мавқеи шакли мушаххаси тиҷоратро дар фазои стратегӣ таъмин менамояд. Раванди мазкур тавассути ду пояи асосӣ муайян карда мешавад, ки яке аз онҳо барои чен намудани дараҷаи рушди бозор дар мавриди таъмини маҳсулоти марбута ва дигарӣ, барои чен намудани саҳми нисбии маҳсулоти ташкилот дар бозори маҳсулоти мазкур истифода мешавад.

Ба вуҷуд омадани модели ГМБ ба анҷомрасии мантиқии корҳои тадқиқотиро, ки аз ҷониби мутахассисони ГМБ гузаронида шуда буд, мефаҳмонад.

Дар ҷараёни омӯзиши ташкилотҳои гуногуне, ки 24 намуди асосии маҳсулотро дар ҳафт самти саноат истеҳсол менамоянд, маълум гардид, ки ҳангоми дуқарата баланд намудани истеҳсоли маҳсулот хароҷоти фосилавӣ 10-30 фоиз кам мешавад. Маҳз ҳамин омил асоси хулосабардорӣ гардид, ки хароҷоти фосилавӣ барои ноил гаржидан ба муваффақиятҳо ва расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ дар рақобат далели асосианд. Ба воситаи методҳои стратегӣ вобастагӣ байни хароҷоти воҳиди истеҳсолии маҳсулот ва ҳаҷми истеҳсолот муайян карда мешавад.

Хароҷоти пасти истеҳсолӣ бо дарназардошти ҳаҷми маҳсулот ва ҳиссаи ҳаҷми маҳсулот дар бозори маҳсулоти марбута омили асосии афзалияти рақобат ба ҳисоб меравад.

Дар модели ГМБ диққати асосӣ ба сармояи нақдии корхона дода мешавад, ки баъзан барои гузаронидани амалиёти тиҷоратӣ ва гоҳе дар натиҷаи тиҷорат ба даст оварда мешаванд. Ба ҳисоб гирифта мешавад, ки сатҳи даромаднокӣ ва хароҷоти маблағҳои нақдии ташкилот дар вобастагии сахти функционалӣ аз дараҷаи рушд ва ҳиссаи нисбии ташкилот дар бозор қарор доранд. Дараҷаҳои инкишофи тиҷорат равандеро муайян мекунанд, ки мутобиқи он ташкилот маблағҳои нақдии худро истифода мебарад.

Дар сатҳи пухтакорӣ ва марҳилаи интиҳоии ҳар як намуди рушди тиҷорат пайдоиши маблағҳои нақдиро таъмин месозад, рушд ва раванди тиҷорат бошад, фурӯ бурдани маблағҳои нақдиро мефаҳмонад. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки тиҷорати муттасил ва бе танаффуси мукаммал барои пайдо гардидани маблағҳои нақдӣ ва даромадҳои ташкилот ва рушди минбаъдаи он маҳаки асосӣ ба шумор мераванд. Дар модели ГМБ мақсадҳои асосии тиҷоратии ташкилот бо инкишофи меъёр ва сатҳи даромаднокӣ вобаста аст. Дар ин асос қарорҳои стратегии имконпазир барои ноил гаржидан ба мақсадҳои ниҳоӣ бо чор тарз маҳдуд карда мешаванд.

Қарорҳои имконпазири стратегии ГМБ:

  1. Зиёд намудани ҳиссаи тиҷорати ташкилот дар бозор;
  2. Мубориза барои нигоҳ доштани саҳми тиҷорати ташкилот дар бозор;
пешина
аз 469
навбатӣ