Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
- Истифодаи ҳадди ақали мавқеи тиҷорати ташкилот дар бозор; 4. Озодшавӣ аз намуди тиҷорати мазкур.
Қарорҳои модели ГМБ пешниҳоднамуда аз мавқеи тиҷорати мушаххаси ташкилот дар бозор вобастагӣ дошта, дар заминаи ду омили ҳамоҳангсоз ташкил мегарданд. Дар заминаи ин омилҳо мазмуни инкишофи бозор ва ҳамоҳанг сохтани он муайян мегардад. Истифодаи ин нишондиҳандаи модели ГМБ бо дарназардошти се сабаб муҳиманд:
-
Агар ҷараёни инкишофи бозори баррасиишаванда нисбати дигар бозорҳо баланд бошад, пас ташкилот метавонад дар тиҷорати мушаххаси амалишаванда ҳиссаи худро дар бозор нисбатан баланд намояд. Ин кор ба воситаи вусъат додани сатҳ ва раванди тиҷорати худӣ ба амал меояд. Барои ба даст овардани ҳиссаи калони бозор ва кам намудани сатҳи тиҷорати рақибон корҳои махсуси иловагӣ лозим намешаванд;
-
Чун қоида бозори инкишофёбанда нисбати сармоягузорӣ дар тиҷорати татбиқшаванда ба даст овардани фоидаро таъмин месозад;
-
Рушди раванди бозор ба ҳаҷми сармояҳои нақдӣ новобаста аз шаклҳои ба даст овардани он таъсир мерасонад ва аз ҷониби дигар тақозо менамояд, ки барои рушди минбаъдаи тиҷорат сармояи зиёдтар истифода гардад.
Структураи модели ГМБ
Дар заминаи таҳкурсии абсисс нишондиҳандаҳои якчанд мавқеи ташкилот дар тиҷорати мазкур ва ҳаҷми фурӯши ташкилотҳои рақобаткунанда чен карда мешаванд. Дар шакли ҳақиқии ГМБ ҷадвали абсисс логарифмӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, модели ГМБ сохтори 2х2-ро нишон медиҳад, ки дар он ҳудудҳои тиҷорат бо доирача қайд карда мешаванд ва дараҷаи инкишофи бозор ва ҳиссаи ташкилотро нисбати тиҷорати мазкур дар бозор инъикос менамояд. Ҳаҷми муҳит ба ҳаҷми андозаи тамоми бозор баробар аст.
Баъзан дар ҳар як доирачаи қайдшаванда сегменти нишондиҳандаи саҳми нисбии тиҷорат - ҳудуди ташкилот дар бозори мазкур инъикос мегардад.
Ҳаҷми бозор, ба мисли ҳудудҳои тиҷорат бештар аз рӯи фурӯши ҳаҷми маҳсулот ва баъзан аз рӯи арзишҳои активҳо баҳогузорӣ карда мешаванд.
Бояд махсусан қайд намуд, ки ба ду таҳкурсии ҷудо намудан ин асоси худро дорад. Дар қисми болоии матритса ҳудудҳои тиҷорати соҳаҳои баландтар аз миёна тараққиёбанда ва дар қисми поёнӣ бошад, суст-тараққикунанда ҷойгир мешаванд. Ин омил барои нишон додани зиёдшавии ҳаҷми маҳсулот дар ҳудуди 10 фоизи солона мусоидат менамояд.
Гап дар сари он аст, ки ғояи асосии ин модел вобастагии функционалиро байни ҳаҷми истеҳсолот ва арзиши воҳиди маҳсулот нишон медиҳад.
Ҳамин тариқ, модели ГМБ аз чор доирача иборат аст (Расми 5.1.):

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё