Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
алоҳидаи тиҷорат дар оянда бобарор бошад, на танҳо ҳаҷми ҷории фурӯши маҳсулот, даромаднокӣ ва сармоягузорӣ ба он, балки дигар омилҳои гуногун, ба Памли тағйирёбии ҳиссаи бозор, технологияҳо, дурусткории кормандон, дараҷаи рақобат, эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Матритса GE/McKinsey андозаи 3х3-ро дорад. (Расми. 12.). Дар фарқият бо матритсаи ГМБ модели GE/McKinsey дорои таҳкурсии бисёрсоҳа ва бисёрсамта аст. Ин бартарӣ модели мазкурро нисбатан ғанитар гардонда, дар як вақт барои нишон додани ҳақиқати мавқеъгирии ҳелҳои тиҷорат мусоидат менамояд.
Дар муқоиса бо модели ГМБ модели мазкур на танҳо таснифоти муқоисавии навъҳои тиҷорат, балки баррасӣ гардидани имкониятҳои нисбатан васеи интихоби стратегиро дар бар мегирад.
Навъҳои тиҷоратро таҳлил намуда, дар қолаби матритса дар шакли доирачаҳо марказҳое нишон дода шудаанд, ки баҳодиҳии бозорро инъикос намуда, бартарии ташкилотро дар бозор нишон медиҳанд. Ҳар як доирача барои ҳаҷми умумии фурӯш дар баъзе бозорҳо ва ҳиссаи тиҷорати ташкилот дар ин ҳаҷми фурӯш дар қисми доирача нишон дода шудааст.
Таҳкурсии У ҳамчун таҳкурсии Х шартан ба се қисм ҷудо мешавад:
болоӣ, миёна ва қаторҳои поёнӣ. Ҳамин тариқ, сеткаи мазкур аз нуҳ доирача ташкил меёбад. Мавқеи стратегии тиҷорат вобаста аз ҳаракатҳои онҳо аз поён ба боло дар дохили матритса беҳтар мегардад.
Дар матритса се мавқеи стратегӣ нишон дода шудааст: 1) омили ғолибият, 2) омили мағлубият, 3) омили миёна, ки ба мавқеи гирифтани даромаднокӣ аз тиҷорат, мавқеи миёнаи тиҷорат ва навъҳои шубҳаноки тиҷорат вобаста мебошад.
Навъҳои тиҷорате, ки ҳангоми мавқеъгирӣ дар мазмуни «ғолиб» дохил мешаванд, нисбатан омилҳои ҷалбкунанда ва бартариҳои ташкилотро дар бозор дороянд. Бо дарназардошти ин хусусиятҳо тиҷоратҳои мазкур қаноатманд баҳогузорӣ гардида, барои онҳо ҷудо намудани сармоя барои рушд мумкин аст. Чунин навъи тиҷоратҳо, чун қоида, метавонанд дар оянда инкишоф ва рушди мусбат ёбанд.
Барои мавқее, ки шартан «Ғолиб 1» номгузорӣ шудааст, дараҷаи ҷалби бозор ва бартариҳои нисбатан пурзӯри ташкилот дар он инъикос ёфтаанд. Дар ин сурат ташкилот дар бозор пешсафи мутлақ ва ё яке аз пешсафон ба ҳисоб меравад. Танҳо амалиёти пуркуввати рақибон метавонанд онро дар ҳарос монанд. Аз ин лиҳоз, стратегияи ташкилот ба воситаи маблағгузории иловагӣ дар ин ҳолат бевосита барои пурзӯр намудани ҳимояи мавқеи худ нигаронида шудааст.
Барои мавқеи бо номи шартии «Ғолиб 2» дараҷаи ҷалби бозор ва сатҳи миёнаи бартариҳои нисбии ташкилот хос аст. Чунин ташкилот дар соҳаи худ маъмулан пешсаф нест, аммо аз он сахт қафо намемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё