Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 5. КОНСЕПСИЯҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

ки тақрибан 36 фоизи ташкилотҳо аз рӯйхати Форчун 1000 ва 45 фоизи ташкилотҳо аз рӯйхати Форчун 500 дар фаъолияти худ модели мазкурро татбиқ намуданд.

Модели GE/McKinsey матритсаи иборат аз 9 ячейкаро барои инъикос ва муқоисаи таҳлилии мавқеи самти фаъолияти хоҷагидории ташкилот ташкил менамояд. Махсусиятҳои муҳими модели мазкур аз он иборатанд, ки дар он оид ба муқоисаи навъҳои тиҷорат аввалин шуда, на танҳо омилҳои «воқеӣ» (ҳаҷми фурӯш, даромаднокӣ, фоидаи сармоягузорӣ ва ғайра), балки тафсилоти субъективии тиҷорат, ба ҳисоби тағйирёбии ҳиссаи бозор, технологияҳо, ҳолати таъминот бо мутахассисон ва ғайра баррасӣ мешаванд.

Модели мазкурро дар адабиёти махсус оид ба идоракунии стратегӣ ва банақшагирӣ бо номҳои гуногун вохӯрдан мумкин аст.

Қаблан матритса дар Корпоратсияи General Electric коркард карда шуд. Дар он 43 навъи тиҷорат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Матритсаи мазкур ҳамчун дастоварди муҳими дастурӣ дар мавриди таҳлили муқоисавии мавқеи навъҳои гуногуни тиҷорат, ки аз рӯи махсусиятҳои худ аз якдигар фарқи куллӣ доштанд, арзёбӣ гардида, барои амалӣ намудани онҳо дастури методии кумакрасон баррасӣ карда шуд.

Бо роҳи баҳогузории омилҳои субъективӣ модели мазкур имконият фароҳам овард, ки роҳбарон қарорҳои дуруст ва мақсаднокро қабул намоянд. Худ ба худ маълум аст, ки қарорҳои ниҳоии стратегӣ на танҳо дар асоси натиҷаҳои тиҷоратӣ мавқеъдошта қабул мешуданд. Аз ҷониби дигар, бо пайдо гардидани модели мазкур менеҷер имконият пайдо намуд, ки навъҳои алоҳидаи тиҷоратро ба танзим дароварда, онҳоро муқоиса намояд.

Яке аз ҷиҳатҳои хуби модели GE/McKinsey-ро қайд намудан лозим аст, ки аз рӯи омилҳои гуногун метавонад нисбати тиҷорати ин ё он соҳа нишондиҳандаҳои назаррас диҳад ва ин барои баҳодиҳии мушаххаси хелҳои гуногуни тиҷорат мусоидат менамояд.

Сохтори модели GE/McKinsey

Дар маркази диққати модели GE/McKinsey асосан омилҳои гирифтани даромад ё манфиатнокӣ аз сармоягузориҳои минбаъда меистад, ки ташкилот метавонад онҳоро ба даст биёрад. Бо тарзи дигар гӯем, такяи асосӣ ба он нигаронида шудааст, ки чӣ гуна маблағгузориҳо ба ин ё он самти тиҷорат ба гирифтани даромади ташкилот таъсир мерасонанд.

Ҳамин тариқ, навъҳои тиҷорати баррасишаванда аз рӯи нуқтаи назари таъсири сармоягузориҳои иловагӣ ба навъҳои мушаххаси тиҷорати
дар ояндаи наздик пешбинигардида, ҳам аз рӯи миқдор ва ҳам аз рӯи
нишондиҳандаҳои сифатнокӣ баррасӣ карда мешаванд. Барои он ки навъи

пешина
аз 469
навбатӣ