Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

даромадноки бозор равона намуда, дар сурати аз ҷониби рақибон пешниҳод гардидани харидории он бо нархи баланд ба он розӣ шавад.

Мавқеи «Мағлуб 3» омилҳои ҷалби пасти бозор ва сатҳи пасти бартариҳои нисбиро дар бозор дар бар мегирад. Дар ин ҳолат бояд кӯшиш намуд, ки танҳо фоида ба даст оварда, аз ҳама гуна маблағгузориҳои иловагӣ бояд худдорӣ намуд ва ё аз тиҷорати мазкур умуман баромадан лозим мешавад.

Шаклҳои тиҷорате, ки дар се доирача дохил мешаванд ва аз қисми поёнии чап ба қисми болоии рости матритса равона гардидаанд, «сарҳадӣ» номгузорӣ мешаванд. Ин намуди тиҷоратеанд, ки дар ҳолати муайян метавонанд ҳам густариш ёбанд ва ҳам метавонанд, баръакс, кам шаванд.

Агар тиҷорат дар шакли шубҳаноки тиҷорат дохил шавад, пас мумкин аст чунин қарорҳои стратегӣ қабул карда шаванд:

  1. рушди ташкилот ба самти бартариҳои он, ки ташкилотро ба сӯи пурқудратӣ роҳандозӣ месозанд;

  2. пайдо намудани мавқеи худ дар бозор ва маблағгузориҳои рушди он;

  3. агар омилҳои 1 ва 2-юм имконнопазир бошанд, пас аз чунин шакли тиҷорат даст кашидан беҳтар аст.

Тиҷорате, ки ба мавқеи миёна дохил мешавад, ягон навъи махсусиятҳои худро надорад: дараҷаи миёнаи ҷалби бозор, дараҷаи миёнаи бартариҳои нисбӣ дар тиҷорати мазкур. Аз ин ҷо мантиқан дуруст аст, ки маблағгузориҳо ба самтҳои даромаднок ва хатари камдошта равона карда мешаванд.

Хелҳои тиҷорати ташкилот, ки мавқеи онҳо бо сатҳи пасти ҷалби бозор ва дараҷаи баланди бартариҳои нисбии ташкилот дар ин соҳа муайян мегардад, истеҳсолкунандагони даромадҳо номида мешаванд. Дар ин ҳолат идоракунии сармоягузорӣ дар заминаи ба ҳисоб гирифтани даромаднокӣ дар марҳилаи кӯтоҳмуддат сурат мегирад, дар акси ҳол бошад, хатари қатъ гардидани фаъолият ба амал меояд. Барои ин маблағгузориҳо бояд дар атрофи ҷузъиёти муҳим ва рӯзмарраи бозорӣ ҷалб карда шаванд.

Ҷонибҳои пурқувват ва сусти модели GE/McKinsey

Қаҳлан барои ташкили модели GE/McKinsey тағйироти 40 навъи тиҷорат истифода карда шудааст. Баъдтар миқдори онҳо кам гардида, то соли 1980-ум чунин тағйирот ҳамагӣ 15 ададро ташкил додааст. Шаштои он барои баҳодиҳии ҷалби бозор ва 9-тои боқимонда барои мавқеи бозор ва иқтидори рақобатнокӣ бо мақсади нишон додани бартариҳои ташкилот дар бозор истифода шудаанд. Нишондиҳандаҳои марбут ба ин тағйирот дар ҷадвали поён оварда шудаанд:

пешина
аз 469
навбатӣ