Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 5. КОНСЕПСИЯҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Ҷадвали 5.1. Ҷонибҳои суст ва пурқуввати ташкил ва ҷалби бозор дар модели GE/McKinsey.

Тафсилоти ҷонибҳои пурқуввати
ташкилот (тахкурсии Х)

Тафсилоти ҷонибин
бозор

Ҳиссаи нисбии бозор
Инкишофи саҳми бозор
Фарогирии шабакаҳои дистибютерӣ
Самаранокии шабакаҳои дистибютерӣ
Таснифоти кормандон
Содиқ будани харидор нисбати маҳсулоти
ташкилот
Бартариҳои технологӣ
Патент ва навовариҳо
Бартариҳои маркетингӣ
Чандирӣ

Суръати рушди бозор
Тафриқаи маҳсулот
Махсусиятҳои рақобат
Меъёри даромаднокии соҳа
Арзиши харидор
Содиқ будани харидор ба
тамғаи фурӯши маҳсулот

Дар баробари ин, матритсаи В GE/McKinsey дар самти таҳлил якчанд камбудӣ дорад, масалан:
• Мушкилии баҳисобгирии сарҳадҳо ва ҳаҷми бозор, миқдори зиёди омилҳо;
• Субъективӣ будани баҳодиҳӣ;
• Хусусияти омории модел;
• Тафсилоти хусусияти умумдоштаи тавсияҳо.
Маҳдудиятҳои асосии истифодаи матритсаи мазкур инҳоянд:
• Матритса GE/McKinsey танҳо аз ҷониби ширкатҳои рушдёбанда истифода мешавад, зеро ки он на барои ташкили мустақили он, балки танҳо барои пешгӯии оянда имконият медиҳад.
• Модели GE/McKinsey бар он асос аст, ки ояндаро метавон мушахҳасан пешгӯӣ намуд, аммо дар ин маврид бояд дараҷаи номуайянии омилҳои рушди ташкилот ба инобат гирифта шаванд.
• Таъсири омили инсонӣ, яъне натиҷаи таҳлил аз рӯи методи GE/ McKinsey аз баҳодиҳии субъективии идоракунанда ва ё гурӯҳи идоракунанда вобастагӣ дорад, ки ақидаи онҳо одатан нисбист.

5.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Намудҳои гуногуни амали стратегӣ, ки аз ду тарзи мутақобила – инкишофёбанда ва соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд, сохтори гуногуни ташкилӣ ва идоракуниро тақозо менамоянд. Дар ин муносибат консепсияи ибтидоии менеҷменти стратегӣ, ки алоқаи байнаҳамдигарии байни тарзҳои амалиёт ва ҳелҳои идоракуниро инъикос менамояд, омили асоснок ба ҳисоб меравад.
пешина
аз 469
навбатӣ