Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

5.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Мафҳуми концепсияи стратегии менеҷмент дар чӣ инъикос меёбад?
  2. Алоқаи байниҳамдигарии байни тарзҳои рафтор ва навъҳои идоракунӣ дар чӣ таҷассум меёбад?
  3. Махсусияти идоракунии стратегиро дар шароити муосир номбар намоед.
  4. Кадом аломатҳои тафсилӣ ба концепсияи стратегии менеҷмент хос мебошанд?
  5. Камбудиҳои умумии идоракунии стратегӣ дар чӣ зоҳир мегарданд?
  6. Кадом моделҳои нисбатан маълуми рафтори идоракунии стратегиро дар муҳити рақобатнок медонед?
  7. Мафҳуми концепсияи ГМБ дар чӣ инъикос меёбад? Структураи модели ГМБ чӣ гуна аст?
  8. Бартарӣ ва камбудиҳои ГМБ дар чӣ зоҳир мегардад?
  9. Мақсад ва таъйиноти модели GE/McKinsey?
  10. Ҷонибҳои пуркувват ва сусти модели GE/McKinsey-ро номбар намоед.

5.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ

ОИД БА СИСТЕМАИ МЕНЕҶМЕНТ ВА СТРАТЕГИЯИ КЛУБИ ФУТБОЛИ РЕАЛ

Маҷаллаи Forbes рейтинги ҳамасолаи клубҳои қиматтарини футболи ҷаҳонро дар соли 2013 пешниҳод намуд. Дар сарҳати ин рейтинг клубҳои футболи Англия «Манчестер Юнайтед» ва «Арсенал», тимҳои испании «Реал Мадрид» ва «Барселона», инчунин «Бавария» - Мюнхен меистанд. Дар соли 2012 дар рӯйхати мазкур аввалин маротиба аз соли 2004 пешсафи он тағйир ёфта, клуби футболи «Реал» пешсафиро ба даст овард.
• Арзиши ҷорӣ: $3,3 млрд.
• Даромад дар давраи солҳои 2011/2012: $650 млн.
• Даромадҳои ҷории клуб дар давраи солҳои 2011/2012: $170 млн.
Ба ҳисоби миёна арзиши клуб аз 20 рейтинги беҳтарин $968 млн-ро ташкил дод, ки нисбати соли пешина 26% зиёдтар аст. Сегонаи пешсафи рӯйхат тамоми клубҳои дигари ҷаҳонро оид ба маблағгузорӣ пешдастӣ менамоянд. Рақибони наздики клубҳои бонуфузи футболи ҷаҳон - клубҳои амрикой: клуби бейсболи «New York Yankees» ва клуби футболи «Dallas Cowboys» мебошанд.

пешина
аз 469
навбатӣ