Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Клуби футболи «Реал» ҷамъияти саҳомӣ набуда, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Мисли дигар клубҳои футболи ҷаҳон тими «Реал» соҳибмулки худро надорад. Идоракунии клуб аз ҷониби аъзоёни клуб амалӣ карда мешавад ва дар давоми чор сол президенти клубро интихоб менамоянд. Шумораи онҳо 80 ҳазорро ташкил менамоянд, ки баробар ба ҷойҳои нишасти варзишгоҳи Santiago Bernabeu мебошанд. Президенти интихобгардида Шӯрои директоронро таъйин менамояд, ки 15 аъзои он 15 департаменти клубро роҳбарӣ мекунанд. Дар баробари ин, дигар сохтор - Ассамблеяи генералии аъзоёни клуб амал менамояд, ки дар як сол як маротиба ҷамъ шуда ва фаъолияти президент ва аъзоёни шӯрои директорон баҳогузорӣ намуда, дар ҳолати ғайриқаноатбахш будани он интихоботи пеш аз муҳлатро пешниҳод менамоянд.
Барои аъзои клуб гардидан бояд дархост пешниҳод кард ва тоқаут намуд, зеро дар клуб аъзоёни он набояд аз миқдори ҷойҳои нишаст дар варзишгоҳ зиёд бошанд. Алҳол хоҳишмандони аъзошавии клуб 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Таҷриба нишон дод, ки ҳар як нафари дархост пешниҳоднамуда 5 сол дар мавқеи мазкур мемонад. Баъди гузашти ин муҳлат аъзоёни нав қабулгардидаи клуб дар якҷоягӣ бо уҳдадориҳои худ аъзоҳаққӣ (ҳар сол 150 евро) супорида, ҳуқуқи овоздиҳиро дар интихоби президенти клуб ва ё пешбарии номзадии худро дастрас менамоянд. Ҳамин тариқ, клуби футболи «Реал» ба мафҳуми одиаш, «клуби мардумӣ» мебошад. Маҳз дар ин бартарии клуб нишон дода шуда, роҳбарияти дастаҷамъӣ то андозае қабули қарорҳои номукаммалро аз байн мебарад.
Принсипҳои банақшагирии стратегии «Real». Клуб дар соли 2000 дар ҳолати ногувори иқтисодӣ афтод. Дар он вақт дар клуб дарк намуданд, ки барои харидории ситораҳои дурахшони футбол ба ҷои даромаднокӣ маблағҳои зиёд сарф карда мешаванд.
Барои пардохт намудани маблағҳои қарзӣ клубро лозим омад, ки қитъаи хурди заминро дар маркази Мадрид, ки дар он базаи клуб ҷойгир буд, фурӯшад. Ҳоло дар ин ҷо чор бинои боҳашамати баландошёна ҷойгир аст.
Барномаи таҳиягардидаи стратегии рушди «Реал» се банди асосиро дар бар мегирад:
а) «Реал» бояд нисбати худ ҳавасмандпориро нигоҳ дошта, мухлисони зиёдро аз тамоми ҷаҳон ҷалб намояд;
б) барои ин бояд якчанд мусобиқот, аз ҷумла мусобиқоти миллӣ ва байналмилалӣ ва пеш аз ҳама, лигаи қаҳрамонҳоро бурд намудан лозим аст;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё