Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

в) футболбозон бояд барои мухлисони худ аз ҷиҳати равонӣ таъсир расонда, исбот созанд, ки футболбозони клуб на танҳо футбол бозӣ мекунанд, балки аз он кайфияти зиёди қиёснашаванда мебардоранд.

Аз ин ҷост, ки барои харидорӣ намудани футболбозон бо эҳтиёт ва бо масъулият муносибат мекардагӣ шуданд. «Реал» он футболбозо-неро маблағгузорӣ менамояд, ки барои дар мусобиқоти гуногун ғолиб гардидан кумак расонида, дар ин замина клуб метавонад маблағҳои аз бурдҳо (призовые) ба даст овардашударо барои реклама ва харидорӣ намудани ситораҳои нави футбол масраф намояд.

Умуман, дар футбол қоидае мавҷуд аст, ки клуб то вақти маълум онро ба инобат намегирифт: барои харидорӣ намудани футболбозон набояд зиёдтар аз 70 фоизи даромад маблағ сарф карда шавад. Дар панҷ соли охир клуб барои харидорӣ намудани футболбозон 400 миллион евро сарф намуд. Ин рақам 50 фоизро аз даромад ташкил намуд, ки онҳо дар навбати худ қаноатбахш мебошанд.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки клуб ба он аҳамияти зарурӣ медиҳад, ин риоя намудани тавозун байни даромадҳо мебошад, ки аз сарчашмаҳои гуногун ворид мешаванд. Дар Италия, масалан баъзе аз клубҳои маъ-руф 80 фоизи қисми даромадро аз ҳисоби фурӯши паҳши барномаҳои телевизионӣ ташаккул медиҳанд. «Реал» баръакс, сарчашмаҳои гуно-гунро истифода менамояд, то ки дар сурати нобарорӣ аз як сарчашма манбаи дигар кумак расонида тавонад.

Айни замон сохтори даромадҳои тими «Реал» чунин тақсимот ме-шавад: ҳуқуқи фурӯши барномаҳои телевизионӣ - 32 фоиз, даромад аз истифодаи варзишгоҳ -32 фоиз ва барномаҳои гуногуни маркетинги боз 32 фоиз.

Мавод аз мусоҳибаи менеҷери калони «Real Madrid» Иван Оливер Мартин Браво омода карда шуд.

Маълумот: аз ҳама маъруфтарин (одамон медонанд, ки клуб фаъолият дорад ва онро мунтазам мебинанд) клубҳои футбол аз рӯи баҳодиҳии таҳлилгарони Донишгоҳи Ҳарвард дар соли 2007, миллион нафар дар тамоми ҷаҳон:

  1. «Real Madrid» - 228;
  2. «Manchester United» - 168;
  3. «Juventus» - 140;
  4. «Bayern» - 113;
  5. «Barcelona» - 35.

Маълумот: қиматтарин брендҳои футбол аз рӯи маълумоти оҷонсии BBDO Consulting (соли 2007), бо ҳисоби миллион евро:

пешина
аз 469
навбатӣ