Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
истеҳсоли маҳсулот - тақсимот хизматрасонӣ - қонеъгардонии талаботи мизоҷ - нигаҳдории мизоҷ.
Ин нуқтаи назар ташкилотро барои аҳамият додан ба масъалаҳои тадқиқот, намуди зоҳирӣ ва рушди равандҳое, ки таъмини таҳияи маҳсулоти нав, хизматрасонӣ ва бозорҳо муайян мекунанд, роҳандозӣ месозад.
Лоиҳакашии равандҳои тиҷорат нисбатан мураккаб аст. Ба ҳар ширкат мебояд мантиқи махсуси ҷараёнҳои самараноки кор аз имкониятҳои бозори аниқ ва мавҷудияти захираҳои мувофиқро таҳия намояд.
Усулҳои муосири таҳлили равандҳои дохилӣ баҳодиҳии самаранокии онҳоро бо истифода аз меъёрҳои гуногун имконият медиҳанд. Бо вуҷуди он, моҳият тағйир намеёбад: равандҳое, ки бартариҳои ширкатро ба қайд мегиранд, бояд нисбат ба рақибон беҳтар ташкил шуда бошанд. Агар самаранокии равандҳои тиҷорат кофӣ набошад, пас оид ба қобилияти рақобатнокии ширкат масъала гузошта мешавад. Агар муаммо дар равандҳо бошад ва барои таъмини стратегия қатъӣ набошад - қарор оид ба муносибкунонии он ва ё супоридани масъулият ба ташкилотҳои беруна (outsourcing) қабул карда мешавад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки равандҳои тиҷоратии қатъӣ чун қоида, ба муассисаҳои беруна супорида намешаванд - хатари аз даст додани қобилияти рақобатнокӣ хеле зиёд мегардад. Барои ҷуброни самаранокии пасти равандҳои тиҷорати қатъӣ ҳамкориҳои стратегӣ ташкил карда мешаванд. (Франчайзинг - мисоли саҳеҳи ҳамкории номбурда шуда метавонад, ки дар навбати аввал бо ҷуброни нокифояи иқтидори тамғаи савдоӣ алоқаманданд).
Яке аз тарзҳои тақвият додани бартариҳои рақобат бо таҳияи бизнесравандҳои нав фаро гирифтани бизнесҳо мебошад. Ширкати Юкос шабакаи савдои «Копейка»-ро бо мақсади дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории худ ташкил намудани маҷмӯи мағозаҳо ба даст овард. Маънӣ дар он аст, ки ба даст овардани бизнесҳои самаранок мавқеи рақобатиро дар ширкат пурзӯр мекунанд. Дар ҳолати мазкур шабакаи «Копейка» бо мавҷудияти маркази тақсимотӣ ва низоми коркардашудаи логистикӣ алоқаманд аст.
Яке аз қоидаҳои асосии кори бомуваффақияти ширкат: баромад ба бозорҳои нав ва махсус васеъшавӣ ҳангоми мавҷудияти бизнес-равандҳои коркардшуда мебошанд. Муайян кардани қарорҳои таҳия ва аксаран хароҷотбарор хатари маблағгузориро кам карда, ҷолибии лоиҳаҳо барои сармоягузорони беруна (аз он ҷумла франчайзерон) таъмин мекунад.
6.3. ТАВСИФИ ВОСИТАҲО ВА МОДЕЛҲОИ АЛОҲИДА
Модели матритсаи Ансофф барои таҳияи алтернативаи стратегӣ истифода мешавад. Он барои истифодаи якчанд стратегияҳо имконият медиҳад.
Ин модел бо он асоснок мешавад, ки стратегияи нисбатан мувофиқ барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё