Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
• чун натиҷа – аз рушд қафо мондан, гум кардани мавқеи рақобатнок ва баромадан аз бозор.
Идоракунии проактивӣ – муайян намудани ҳолати дилхоҳ (ҳадафрас) ва роҳҳои расидан ба он. Он бо нишонаҳои зерин муайян карда мешавад:
• тасаввурот дар бораи ояндаи дилхоҳ ташаккул меёбад;
• низоми мутобиқи амалиёт аз рӯи ноилшавӣ ба он ташкил карда мешавад;
• амали идоракунандаҳо ба пешгирии муаммоҳо нигаронида шудааст;
• ҳамчун натиҷа нигоҳдорӣ ва рушди рақобатпазирӣ.
Ҳангоми таҳияи стратегияи ташкилотҳо концепсияи муосири менеҷменти стратегӣ истифодаи самаранокро тариқи сегментатсияи стратегӣ ва нишон додани нуқтаҳои стратегӣ пешбинӣ мекунад. Стратегияи мазкур нисбати фаъолияти ташкилотҳо, омӯзиши муҳити беруна ва таъсиррасонии он ба натиҷаи фаъолияти ташкилотҳо назари худро бевосита инъикос менамояд.
Мавзеъҳои стратегияи хоҷагидорӣ (МСХ) – ин сегменти алоҳидаи муҳити беруна мебошад, ки аз он ташкилот даромад мегирад ва ё мехоҳад даромад гирад.
Зерташкилоти стратегии хоҷагидорӣ (ЗСХ) – ин самт ва ё гурӯҳи самти омехтадоштаи фаъолияти хоҷагидории ташкилот, ки тахассуси мукаммал, гурӯҳи муайяни интиқолдиҳандагон, истифодабарандагон, рақибон ва бозорҳоро доро мебошанд.
Гурӯҳи стратегӣ – ин ширкатҳои муқобилиятнишондиҳанда бо тарзи якхелаи муборизаи рақобатпазир ва мавқеи якхеладошта дар бозор, ба шумор мераванд.
Олими амрикоии Т. Левитт пешниҳод намуд, ки тиҷоратро (business – «фаъолият, шуғле, ки даромад меорад») бо истилоҳи маъмулии маҳсулот ба истилоҳи талабот бояд тамоюл ва роҳандозӣ намуд. Ин ҷо мантиқ хеле сода аст: маҳсулот «меояд ва меравад», вале талаботи асосии харидорон ва гурӯҳи истеъмолкунандагон боқӣ мемонанд.
Самти тиҷорат, ки ба талаботи муайян нигаронида шудааст, воҳиди тиҷорати стратегӣ (ВТС) номида мешавад. Мақсади ташкили ВТС аз таҳия ва татбиқи стратегияи мустақил ва ҷудо намудани маблағгузориҳои ҷорӣ иборат аст.
Сандуқи тиҷоратии ширкат якчанд воҳиди тиҷорат (маҳсулот)-ро дар бар мегирад. Нишонаҳои асосии ВТС:
- Ягонагии фаъолият (эҳтимоли самтҳои ба ҳам алоқаманди фаъолият, ки банақшагирии онҳо новобаста аз ширкат сурат мегирад);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё