Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Тафаккури стратегӣ — раванди инъикоси фалсафаи идоракунии роҳбарият дар назарҳо, муҳокима ва қарорҳое мебошад, ки мақсадҳои зерин дорад:
• тамоюли фаъолият ба талаботи истеъмолкунандагон;
• танзими мушаххас ва тағйироти саривақтӣ дар ташкилот;
• ташкили бартариятҳои рақобатнок;
• дар давраи дурнамои дарозмуҳлат бо устувории иқтисодӣ таъмин намудан.
Мавқеи стратегӣ — мавқеи ишғолнамудаи ташкилот дар тиҷорати мазкур (пешрав, пайрав, нобарор ва ғайраҳо).
Интихоби стратегӣ дарки асосҳои ояндаи стратегияро ҳам дар сатҳи корпоративӣ ва ҳам дар сатҳи тиҷорати ҷудогона, ҳамчунин варианти рушди стратегия ҳам аз рӯи самтҳо ва ҳам аз рӯи методҳо дар бар мегирад.
Қарорҳои стратегӣ муайян намудани ҳадафҳои нав, вазифаҳо, самтҳо, сохтор, ҳаҷм, муҳлатҳои куллӣ ва усулҳои бузурги иҷрои корҳо, ҷобаҷогузории асосии қувваҳо, масъулият ва муносибати байниҳамдигарии коллектив ва иштирокчиёнро мефаҳмонад.
Таваккалҳои стратегӣ ин хавфи зарароварӣ дар натиҷаи хатоҳое (камбудиҳо) мебошад, ки ҳангоми қабули қарорҳои вобаста ба фаъолияти стратегӣ ба вуҷуд омадаанд, ё ин ки хавфҳои бе назардошт ва боназардошти нопурраи эҳтимолияти ба вуҷуд омадани онҳо ҳаст.
Тазйиноти стратегӣ ҳолате мебошад, ки ташкилот дар оянда ба он ноил шудан мехоҳад (ба бозор баромадан, пешрав шудан, пешравиро ҳимоя кардан, кам кардани хароҷот, афзун намудани натиҷаҳои дилхоҳ ва ғайра).
Зинаи стратегӣ аз рӯи марҳила, зина ба зина амалӣ намудани ҳадафҳо (мақсадҳои стратегӣ) мебошад.
Идоракунии стратегӣ ин ҷараёни таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои стратегӣ аз тарафи қисмҳои марказӣ маҳсуб мегардад, ки дар он интихоби стратегия ба муқоисаи иқтидори захиравии хусусии корхона бо имкониятҳо ва хатарҳои муҳити беруна асос ёфтааст.
Идоракунии стратегӣ ҳамчун маҷмӯи амалҳои бонизом ва бошуурона барои дар ташкилот нигоҳ доштани қобилияти идоракунии оянда буда, аз шакли идоракунӣ (самти реактивӣ ва проактивӣ) вобаста аст.
Идоракунии реактивӣ ин таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва бартараф намудани хатоҳои пешина мебошад. Ба он нишонаҳои зерин мансубанд:
• амалиёт аз рӯи ҳодисаҳои рӯйдода пешбинӣ карда мешаванд;
• таваҷҷуҳи роҳбарият ба фаъолияти оперативӣ барои гирифтани натиҷаҳои таъҷилӣ нигаронида шудааст;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё