Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

стратегӣ дар беҳдошти таассури ширкат ба ҷараёни инкишофи бозор ва ҳаракатҳои рақибон ифода меёбад.

Менталитети банақшагирии стратегӣ: «аз гузашта ба воситаи ҳозира - ба оянда». Менталитети менеҷменти стратегӣ: «аз ояндаи бобарор - ба ҳозира ва боз ба оянда» (расми 1.3.).

Расми 1.3. Менеҷменти стратегӣ ва банақшагирӣ.

Ба ғайри ин, фарқияти менеҷменти стратегӣ аз банақшагирии стратегӣ бо омилҳои муҳими зерин вобаста мебошад:

• Мукаммалномоии иттилоотӣ - дар менеҷменти стратегӣ андозаи номуайянии муҳити беруна ҳангоми якбора кам гардидани мукаммалгардонии системаи идоракунӣ бо маълумотҳо зиёд мегардад;

• Ба вуҷуд омадани омилҳои ногаҳониҳои стратегӣ, ба мисли кам кардани хароҷоти буҷаи давлатӣ, ки барои амалӣ намудани чораҳои зарурӣ берун аз дораи банақшагирӣ маҷбур менамоянд. Ҳамин тариқ, менеҷменти стратегӣ ба тағйироти муҳити беруна дар дораи марҳилаҳои нақшавии дохилӣ бештар ҳассосият дорад ва онҳоро зуд қабул мекунад.

Яке аз асосгузорони менеҷменти стратегӣ - И.Ансофф - консепсияи ибтидоии менеҷменти стратегиро бо тарзҳои ҳаракатҳои ташкилот: инкишофёбанда ва соҳибкорӣ алоқаманд менамояд.

Шакли инкишофёбанда - тараққиёти ташкилот бо тағйироти минималӣ нисбати идоракунии маъмулӣ.

Шакли соҳибкорӣ - кӯшиши ҳадафнок ба тағйиротҳое, ки муваффақиятро дар муборизаи рақобатнок таъмин менамоянд.

пешина
аз 469
навбатӣ