Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Тафсилоти асосии ин навъҳои ташкилот дар ҷадвали 3 оварда шудаанд:

Ҷадвали 1.2. Муқоиса намудани навъҳои менеҷмент аз рӯи ақидаи И.Ансофф.

СамтҳоНавъи менеҷмент
ОперативӣСтратегӣ
МаданиятТамоюл ба истеҳсолот, маркетинг ва рақобат
МенеҷерМалакаи гирифтани даромад, ба мақсад расидан, назораткунӣ
Сохтори идоракунӣБанақшагирии дарозмуддат, назорати фаъолият
МаълумотТамоюли талабот ва эҳтиёҷот
СохторФунксионалӣ, дивизионӣ, эътидолӣ
ҲокимиятБа истеҳсолот ва маркетинг нигаронида шудааст

Мувофиқи ақидаи Ҳ. Минсберг, фарқияти асосии байни банақшагирии стратегӣ аз менеҷменти стратегӣ дар инҳо ифода меёбад:

якум, банақшагирии стратегӣ (strategic planning) тафаккури стратегӣ (strategic thinking) буда наметавонад, барои ҳамин ҳам стратегияҳои муваффақ ин ҳамеша диди (vision) хуби стратегист.

дувум, банақшагирии стратегӣ амалан бо барномасозии стратегӣ (strategic programming) муттаҳид карда мешуд, яъне барои ба расмиятдарорӣ ва коркарди муфассали стратегияи аллакай қабул ва амалишуда истифода мешавад.

Ҳамин тариқ, менеҷменти стратегӣ дар фарқият аз банақшагирии стратегӣ системаи амалкунандаи тамоюлдошта арзёбӣ карда мешавад, ки он ҷараёни татбиқи стратегия, инчунин баҳодиҳӣ ва назоратро баррасӣ менамояд. Қайд намудан ба маврид аст, ки татбиқи стратегия — ин қисми асосии идоракунии стратегӣ ба ҳисоб меравад, зеро ҳангоми набудани механизми татбиқ нақшаи стратегия танҳо хаёлот мегардаду бас.

пешина
аз 469
навбатӣ