Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

1.5. ТАЛАБОТИ АСОСӢ НИСБАТИ МЕНЕҶЕРИ СТРАТЕГӢ

Барои он ки дар шароити имрӯзаи мушкил ва зудтағйирёбанда рақобат карда шавад, ширкатҳо бояд шахсони идоракунандаи таҳияи стратегия - менечерхоро муайян намоянд. Таъмини фаъолияти тамоми ташкилот дар самти муайян, вазифаҳои менечерҳо (аксаран онҳоро менечерҳои маҷмӯӣ меноманд), ба шумори меравад. Онҳо аз менечерҳои функсионалӣ, ки татбиқи фаъолияти алоҳидаи тиҷоратро (кадрҳо, таъминот, истеҳсолот, фурӯш, хизматрасонии мизоҷон, баҳисобгирӣ) таъмин месозанд, фарқият дошта, дар ширкат мавқеи муассир доранд ва ташкилотро аз рӯи самти стратегӣ идора менамоянд.

Системаи менеҷменти стратегӣ, метавонад ба роҳбарон дар самтҳои зерин кумак расонад:
• тамоюли инкишофи тиҷоратро пешгӯӣ намоянд;
• мушоҳида намудан ва фаҳмиши таъсири муҳити беруна;
• интихоби стратегӣ намудан ва амалӣ намудани стратегия.

Имрӯз менечерро барои иҷрои мақсадноки функцияҳои стратегӣ дониш ва мантиқ басанда нест, бояд ӯ уҳдабаро, эҷодкор, нисбати пешгӯии тағйирот қобилиятнок бошад, инчунин, онҳоро идора карда тавонад ва худ низ тағйир ёбад. Барои ин менечер бояд то андозае ба талаботи нав ҷавобгӯ бошад.

Дар ташкилотҳои диверсификатсияшудаи дорои якчанд самти тиҷорат чор сатҳи менечерҳои стратегиро муқаррар намудан мумкин аст:

Сарвари ширкат ва менечерҳои беҳтарини сатҳи корпоративӣ, ки нисбати қарорҳои муҳими стратегии ба ҳамаи самтҳои тиҷорати он таъсиррасонанда масъулияти асосӣ ва фардиро ба уҳда доранд;

• Менечерҳои зерсохторҳои истеҳсолӣ, ки дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои стратегӣ барои ин воҳидҳо нақши муҳим доранд;

• Менечерҳои воҳидҳои функсионалӣ (истеҳсолот, маркетинг ва фурӯш, молия КИТТТ, кадрҳо) дар доираи салоҳияти худ иҷрои амалҳои стратегиро, ки стратегияи зерсохторро тақвият медиҳанд, таъмин месозанд;

• Менеҷерҳои назоратчӣ (дар ташкилотҳо, дар шуъбаҳои минтақавии фурӯш, намояндагиҳои маҳалҳо) барои мутобиқ намудани нақшаҳои стратегӣ ба соҳаҳои худ ва барои татбиқи қисми худии нақшаи стратегӣ ҷавобгӯ мебошанд.

пешина
аз 469
навбатӣ